Сӯғд: Хонуми тамаъҷӯй ба даст афтод
Бино ба маълумоти ВКД, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 29-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ҳамчун гумонбар дар тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.
Номбурда бо марди 25-солаи сокини шаҳри мазкур муносибати ошиқона дошта, бо таҳдиди он, ки дар назди аҳли оилааш алоқаи ҷинсиашро ба ӯ фош мекунад, бо роҳи тамаъҷӯӣ 1500-сомонӣ талаб намудааст.
Ҳангоми гирифтани 1500-сомонӣ зани номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ