С. Давлатзода: 413 қуонуншиканӣ дар 6 моҳ
Дар шаш моҳи авали соли равон аз ҷониби Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон 413 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шудааст. Дар ин бора раиси ин кумита Сулаймон Давлатзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки миёни афроде, ки даст ба қонуншиканӣ задаанд, сарватмандону соҳибкорон низ ҳастанд. Дар зимн, Азизулллоҳ Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар шарҳи қонуншикании мансабдорон гуфт, то ҳол онҳо ба шевае кор мекарданд, ки ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ бевосита алайҳи онҳо ғайриимкон буд. Ба гуфтаи ӯ, мансабдорон маъракаҳоро ба номи ҳамсар ё фарзандашон ташкил мекарданд: «Аз ин рӯ агар қонуншикание сурат мегирифт, ифтитоҳи парванда алайҳи мансабдор ғайриимкон буд».
Муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид намуд, ки аз ҷониби президенти мамлакат дастуру супориши қатъӣ шудааст, ки агар қонуншиканӣ аз сӯи мансабдорон ё аҳли оилаи онҳо ҳам сурат бигирад, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфти масъулини ин кумита пешниҳод шудааст, то барои риоя накардан ба қонуни танзим ҷаримаҳо ба маротиб зиёд шуда, мансабдорон барои қонуншиканӣ аз мақомашон барканор гарданд: “Он гоҳ сарватманд аз пулаш ва мансабдор аз мақомаш фикр хоҳад кард”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ