Сӯхтор дар «Амонатбонк»

Дар бинои марказии бонки давлатии Тоҷикистон-«Амонатбонк»  сӯхтор сар зад.

Ба гуфтаи як корманди Амонатбонк сӯхтор дар ошёнаи чоруми бонк дар маҳалли баргузории конфронсҳо рух дод. Онҳо талош кардаанд,  ки тамоми ҳуҷҷат ва «сервер»-ҳоро ба берун бароваранд. «Дар натиҷа як-ду сервер сӯхтааст, ки он қадар ҷиддӣ нест», — гуфт ӯ.

Аммо то ҳол сабабҳои сар задании  сӯхтор ва зарар ба бонк эълон нашудааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки наҷотдиҳандагон кормандон ва муштариёни бонкро сари вақт аз бино баровардаанд. Аз рӯйи арзёбиҳои пешакӣ, 90 фоизи оташ хомӯш карда шуда, боми бонк пурра сӯхтааст. Дар пайи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *