Сӯхтор дар ҷазираи Канарияи Испания: 9 ҳазор нафар кӯч карданд

Беш аз 9 ҳазор нафарро дар натиҷаи оташ гирифтани ҷангал аз ҷазираи Гран-Канарияи Испания ба ҷои амн кӯчонданд. Масоҳати сӯхтор 10 ҳазор ҳектар заминро ташкил медиҳад.

Сухангӯи Хадамоти ёрии изтирории Испания гуфт, ҳудуди 100 сокини як деҳаро натавонистанд, сари вақт ба ҷои амн интиқол диҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани онҳо хеле хатарнок буд.

Сӯхтор ба боғи табиии Тамадаба, дар шимолу ғарби ҷазира низ расидааст. Шамоли сахт ва ҳарорати гармии ҳаво хомуш сохтани сӯхторро мушкил мегардонад. Баландии алангаи оташ дар баъзе аз ноҳияҳо то ба 50 метр мерасад.

Ҷазираи Гран-Канария яке аз маконҳои дустдоштаи сайёҳон шумурда мешавад. Соли гузашта13,5 миллион нафар аз он боздид карда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *