Сӯхтор дар бинои парлумон

Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар яке аз утоқҳои бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки дар назди утоқи кории Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон ҷойгир аст, сӯхтор сар задааст.

Тибқи иттилои ВКДхабари сӯхтор 18-уми март соати 07:27-дақиқа ба Хадамоти оташнишонӣ расонда шуд: “Ҳангоми расидан ба ҷои ҳодиса маълум гашт, ки дар утоқи қабули шаҳрвандон, ки дар шафати утоқи кории Раиси Маҷлиси намояндагон воқеъ мебошад, сӯхтор ба амал омадааст”.

Ду автомашинаи сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои ҳодиса равона карда шуд, сӯхтор сари вақт хомӯш гардид. Масъулини оташнишонӣ мегӯянд, сабаби сар задани сӯхтор аз рӯи хулосаи пешакӣ гармшавии ноқилҳои компютерҳо мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *