Сӯхтор дар “якум Советский”
Шоми 18 феврал, соати тахминан 20 дар махаллаи «1-умСоветский”, кӯчаи Камоли Хучандӣ 5А, дар як манзил бар асари даргирифтани дастгохи хӯрокпазӣ сӯхтор сар зад.
Ба гуфтаи шоҳидон, соҳибони хона Фирӯзабону ва Баҳромҷон, ки дар бозори «Султони Кабир” бо тиҷорат машғул мебошанд, ҳангоми сӯхтор дар хона набуданд. Фарзандонашон бошанд дар хонаи ҳамсоя машғули бозӣ шуда, аз ҳоли хона бехабар мондаанд. Баъди пахн шудани дуди ғализ ва алангаи оташ ҳамсояҳо бохабар шуда зуд ба муассисаи оташхомӯшкунӣ занг задаанд.Аммо то расидани мошини сӯхторнишонӣ қисми зиёди ашёи хона ба коми оташ рафтааст.Хушбахтона, касе дар ин сӯхтор осеби ҷисмонӣ набардоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ