Сӯхтор идома дорад, 31 нафар ба ҳалокат расиданд

Дар натиҷаи  сухтор дар штати  Калифорния камаш  31 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии NBC  12 ноябр хабар дод.

Беш аз 200 сокини маҳаллӣ бенишон буда, беш аз 25 ҳазор нафар хонаҳои худро тарк карданд.Аксари кушташудаҳо дар канораҳои шаҳри Парадайз, ки оташ онро тақрибан нобуд кард, ошкор шуданд. Теъдоди сокинони ин шаҳр 26 ҳазор ҳисоб шудааст.Алангаи оташ 6 ҳазор хона, бо шумули манзилҳои 177 чеҳраи шинохтаро нобуд кард. Яке аз онҳо ҳунарманд Ҷерард Батлер аст, ки акси хонаи сухтааш дар Малибуро нашр кард. Хонаи Ким Кардашян низ дар ҳамин ноҳия ба коми оташ рафт ва ӯ гуфт, ки барои бо худ гирифтани ҷиҳози зарурӣ ва фирор ҳамагӣ як соат вақт дошт.Рӯзи якшанбе аз баракати дигар шудани самти шамол, алангаи оташ фуру нишаст. Аммо марказҳи обуҳавошиносӣ мегӯяд, ки сухтор ҳанӯз дар бахшҳои алоҳидаи аёлат имконпазир аст.Дар Калифорния 16 манбаи оташсӯзи сабт шуд. Мақомот сухтори Калифорнияро харобиовар дар таърихи аёлат унвон кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *