Сӯхтори бузург дар Теҳрон ҷони 30 тан сухторнишонро гирифт
Бинои қадимитарин маркази тиҷоратии Теҳрон баъд аз чанд соати сӯхтор фурӯ рехт. Дар ин ҳодиса дасти кам 30 тан аз сӯхторнишонҳо ҷон бохтанд.
Сӯхтор дар бинои 17 — ошёнаи маркази тиҷоратии «Пласко», воқеъ дар ҷануби пойтахти Эрон, субҳи рӯзи 19 январ шурӯъ шуд. Ба навиштаи расонаҳои эронй, сӯхторнишонҳо мутмаин буданд, ки алангаи оташро ба зудӣ хомӯш мекунанд, аммо сӯхтор дар чанд муддат ҳама биноро фаро гирифт. Баъд аз чаҳор соат, вақте сӯхторнишонҳо дар ошёнаҳои болоии бино бо оташ дар набард буданд, бино фурӯ рехт.Мири Теҳрон Муҳаммад Боқир Қолинбоф ба ҷойи ҳодиса омад ва ба хабарнигорон гуфт, ки дар ин ҳодиса дасти кам 20 тан аз сӯхторнишонҳо ба ҳалокат расиданд.Аммо хабаргузории «Тасним» бо такя ба дигар мансабдороне, ки дар ҷойи ҳодиса қарор доранд, теъдоди сӯхторнишонҳои кушташударо 30 нафар гуфтааст. «Тасним» дар бораи зери оворҳо мондани ду хабарнигор ва чанд тан аз соҳибони дӯконҳо низ иттилоъ додааст.Баъзе аз расонаҳои эронӣ, аз ҷумла, шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press TV мегӯянд, ки аз 50 то 100 нафар зери харобаҳои «Пласко» мондаанд ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин фалокат шояд афзоиш ёбад.Дар ҷойи ҳодиса корҳои наҷотбахшӣ ва талоши пайдо кардани афроди зиндамонда идома дорад.Фурурезии маркази тиҷоратӣ ба биноҳои атроф осебе нарасонидааст, аммо мақомот сокинони биноҳои атроф ва аз ҷумла, кормандони сафоратхонаҳои Бритониё ва Туркияро ба ҷойи амн интиқол доданд.Маркази тиҷоратии «Пласко» нахустин фурӯшгоҳи бисёрошёна дар Теҳрон буд. Гуфта мешавад, бунёди ин фурӯшгоҳ соли 1962 поён ёфт ва он замон баландтарин бино дар пойтахти Эрон маҳсуб мешуд.Дар маркази тиҷоратӣ беш аз 400 мағозаву дафтари кори ширкатҳо ҷойгир буд ва масъулони онҳо борҳо аз нақзи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сӯхтор шикоят карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ