Сӯи қасди бародарон бо корду тапонча

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориши телевизионӣ ҷузъиёти муноқишаи ҷавононро дар назди мағозаи “Baby Shop” дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе шарҳ додааст.

Тибқи иттилои ВКД дар муноқиша ду бародар-Саидов Афғони 19-сола ва Саидов Саидавлиёи 17-сола муттаҳам мешаванд. Манбаъ мегӯяд, муноқиша дар заминаи нофаҳмиҳои қаблӣ миёни Саидов Афғон ва Воқиев Суҳроб, сокини дигари Душанбе рух додаанд: “Афғон барои интиқомгирӣ аз Суҳроби 20-сола, ки ӯро таҳқир кардааст, ҳамроҳи бародараш бо корду таппончаи пневматикӣ мусаллаҳ шуда, ба кӯчаи Нусратулло Махсум рафтааст. Дар натиҷа байни ду гуруҳ занозанӣ рух медиҳад, ки дар ҷараёни он Саидавлиё бо корд Азимов Шерзоди 19-соларо маҷруҳ мекунад”.

ВКД мегӯяд, феълан алайҳи бародарон Саидовҳо ба иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *