“Сӯитафоҳум” муҳоҷиронро аз парвоз мононд
Беш аз 300 нафар мусофирони тоҷик дар фурудгоҳи Колстсовои шаҳри Екатеринбурги Русия дар мондаанд. Онҳо мусофирони хатсайрҳои Екатеринбург-Хуҷанд ва Екатеринбург-Душанбе мебошанд, ки аз шаби гузашта боз мунтазири парвоз ҳастанд.
Аммо ҷониби Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ҳанӯз иҷозаи парвоз надодааст. Масъулон мегӯянд, ки парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» аз Екатеринбург ба Душанбе ва Хуҷанд то 27-уми март мавқуф гузошта шуд. «Ширкат ҳамаи мусофиронро бо меҳмонхона ва се вақт хӯроки гарм таъмин кард»,- иброз доштааст намояндаи ин ширкат Марина Корпенко. Ӯ сабаби лағви парвоз ва мавқуф гузоштани онро дар сар задани «сӯитафоҳум миёни ширкат ва масъулони соҳаи авиатсияи Тоҷикистон, унвон кард. Хонум Корпенко гуфт, бинобар ҷой доштани сӯитафоҳум, ҳавопаймоҳои ширкат то ҳанӯз иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро надоранд ва аз ин рӯ парвозҳо ба таъхир андохта шуд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ