Сӯтор боиси марги се тифли як хонадон шуд
Чуноне сомонаи akhbor.com иттилоъ медиҳад, субҳи 2 август дар масҷиди Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб (масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо) намози ҷанозаи се тифли 8, 5 ва 3-сола доир шуд. Ин тифлакони маъсум шаби гузашта бар асари сӯхтор ҷон бохтаанд. Ҳарсе фарзандони Рустами военком, як корманди комиссариати низомӣ будаанд. Тифлаконро баъди ҷаноза дар оромгоҳи рақами дуи шаҳри Кӯлоб ба хок супурданд.
Намозгузорони масҷиди Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб, ки бо номи «масҷиди Ҳоҷӣ Мирзо” маъруф аст, ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки субҳи 2 август дар ин масҷид намози ҷанозаи се тифли хурдсол доир шудааст. Ин тифлакон ҳама аз як оила буда, Амирҷон 8 сол, Ёқуб 5 сол ва хоҳари хурдии онҳо Осия ҳамагӣ 3 сол доштаанд.
Шаби гузашта манзили онҳо дар кӯчаи Нурулло Ҳувайдуллоеви шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта ва ин кӯдакон бар асари дуди оташ ҷон бохтаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо фарзандони Рустам Бурҳонов ном корманди собиқи комиссариати низомӣ мебошанд. Рустамро дар Кӯлоб «акаи Рустам” ва «Рустами военком” ном мебаранд.
Тафсилоти сӯхтор дар хонаи «Рустами военком” ҳанӯз дастрас нашудааст. Хадамоти сӯхторнишонӣ гуфтааст, сӯхтор соати дуи шаб сар зада, як фарзия аз сими яхдон оташ гирифтани манзил мебошад. Ҳарсе кӯдак дар як хона ва падару модари онҳо дар хонаи дигар хоб будаанд.
Се ҷанозаи тифлакони ғӯррамаргро баъди адои намози ҷаноза дар оромгоҳи рақами дуи шаҳри Кӯлоб ба хок супурдаанд.
Рустам Бурҳонов дар аввали соли ҷорӣ бо гумони гирифтани 300 доллар пора дар ивази таҳияи билети ҳарбӣ боздошт гардида, аз мақоми сардори комиссариати низомии Кӯлоб сабукдӯш шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ