С. Умарзода: Занони синамакон камтар бемори саратон мешаванд

Ҳамасола аз 1то 10 август дар Тоҷикистон даҳаи синамаконӣ баргузор мегардад. Синамаконӣ беғизои илова  барои кӯдакони то шашмоҳа ҳатмӣ буда, он барои паст кардани сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, бемориҳои шадиди роҳҳои меъдаву рӯда- дарунравӣ, бемориҳҳои роҳҳои нафас, қадпастӣ, лоғарӣ ва камхунӣ муфид арзёбӣ мешавад.   

Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 1 август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар аввали давраи таваллуд додани шири писатон хавфи маргу мири модарон кам шуда, аз хунравӣ эмин медорад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, то шашмоҳагӣ бе додани ягон ғизои иловагӣ,  ҳатто об,  кӯдак аз шири модар тамоми витамину менералҳои лозимиро мегирад ва шири сина ба инкишофи зеҳнӣ ва ботинии кӯдак таъсири зиёди мусбӣ мерасонад.

 Лекин додани шири сунъӣ ҳам ба кӯдак ва ҳам ба оила тарафҳои манфӣ дорад. Масалан, дар таркиби ширҳои сунъӣ миқдори намакҳои натрий, калтсий ва фосфор  хеле зиёд буда, он ба организи кӯдак  лозим нест. Аз тарафи дигар, ба ҳисоби миёна дар шаш моҳ лозим аст, ки 4800 сомонӣ танҳо барои хариди шири сунъӣ масраф шавад. 

-Дар тамоми таваллудхонаҳо ва ҳатто дорухонаҳои дохили таваллудхонаҳо  фурӯши шири сунъӣ манъ карда шудааст. Аз тарафи кормандони тиб ба модарон тарафҳои манфии шири сунъӣ фаҳмонида мешавад. Мо бояд дар якҷоягӣ нисбати воридоти шири сунъӣ кор барем-афзуд хонум Умарзода.

Марта Еверард, намояндаи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ таъкид кард, ки дар тамоми ҷаҳон фақат 40 фоиз аз синамаконӣ истифода мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, синамаконӣ хатари фавти модарон , пешгирии бемориҳои саратонӣ ва ҳамли номатлубро кам мекунад.  Ҳамчунин, хатари фавти модару кудак , гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятиро низ поин мефарорад. Тибқи таҳлилҳои ин созмон  синамаконӣ то 20 000 занро аз бемориҳои саратонӣ ҳифз мекунад.

 Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *