“сӯзишвории интернетӣ”-и “МегаФон Тоҷикистон”

Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар JAM Forum-и дуюм, ки санаи 6 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор гашта буд ба сифати шарики телекоммуникатсионӣ баромад кард. Оператор иштироккунандагони форумро бо хизматгузориҳои боэътимод таъмин намуд. Ғайр аз ин, ба меҳмонони чорабинӣ дар майдончаи махсус “сӯзишвории интенетӣ”-и сифатнок – дастрасӣ ба шабакаи 4G аз “МегаФон Тоҷикистон”  муаррифӣ карда шуд.

  

 Имсол JAM Forum зиёда за 400 иштирокчиёнро ҷамъ овард, ки дар байни онҳо намояндагони ташкилотҳои давлатӣ, ширкатҳои тиҷорати хурд ва миёна, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ҳузур доштанд. Дар рафти мастер-классҳо ва муаррифиҳо онҳо маълумоти муҳимро вобаста ба кори хадамоти робита бо ҷомеа дарёфт намудаанд, бо малакаҳои ҷаҳонии соҳаи маркетинг, брендинг, реклама ва тарақиёти шахсӣ шинос шуда маслиҳатҳои муфидро гирифтаанд.

Хизматгузориҳои телекоммуникатсионӣ аз “МегаФон Тоҷикистон” барои таъсис намудани кори форум мусоидат намудаанд. Ба спикерон оператор имкони аз алоқаи овозӣ ва интернети мобилии баландсуръат истифода намудан ва ба ҳама иштирокчиён  — барои расонидани ахборот ва гузаронидани репортажҳои онлайн аз ҷорабинӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ баромаданро фароҳам овард.

“Дар хусуси он, ки ширкати  “МегаФон Тоҷикистон” ба сифати шарики телекоммуникатсионии JAM Forum баромад мекунад, аз бисёр чиз шаҳодат медиҳад. Дар саҳна истода, ман ба чеҳраи иштирокчиёни форум ва ба рӯҳбаландии онҳо чашм андохта дарк намудам, ки дар рӯ ба рӯйи ман – ояндаи Тоҷикистон қомат афрӯхтааст. Акнун вай бо ҳама пешравиҳо, алалхусус бо пешравиҳои технологияҳои алоқа иттифоқ мешавад,  ки дар ҳоли имрӯз бе чунин пешравиҳо як тиҷорат ҳам наметавонад самарбанок фаъолият намояд.      Рамзист, ки баромади ман бо номи “Тафаккур берун аз меъёр” муаррифӣ шуд  — ин боиси он гардид, ки иштирокчиён тавонистанд аз ҳудуди толор берун раванд, ки он ҷо форум баргузор мешуд. Агар шахс ба худ боварии комил дошта бошад – дар ҳаёти худ  ӯ метавонад қуллаҳои бениҳоят баландро комёб шавад. Агар ӯ шарики боэътимод дошта бошад – онҳо якҷоя метавонанд боз ҳам корҳои азимеро комёб шаванд.”, — мегӯяд Тренери варзида ва Директори генералии ширкати тренингии Practical Training School, Сергей ОЗЕРОВ.

Дар бобати имкониятҳои шабакаи насли чорум, ки суръати мобилии интернет ба 100Мбит дар як сония мерасад, меҳмонони JAM Forum  дар майдончаи оператор маълумот дарёфт карданд. Нисбат ба дастрасии мобилии интернети расмӣ, 4G ба спорткар – визуал, ки дар форум симои нави шабакаи оператор гардида буд, муқоисашаванда мебошад. Меҳмонони форум “трафики интернетӣ”-и сифатнокро озмуда бо таҷрибаи худ санҷиданд, ки бо кадом андоза хизматгузориҳои интернетӣ дар шабакаи насли чорум бо шиддат ҳаракат мекунанд.

“Ақидаҳои пешқадам бо технологияҳои пешқадами алоқа дар майдончаи форум дучор шуданд – ва ба туфайли ин тавонистанд аз ҳудуди толори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бароянд, ки онҷо чорабинӣ мегузашт. Ростӣ, интернети серҳаракати 4G дар сонияҳои башумор ҷойгиркунии расмҳо, мулоҳизаҳо ва таасуротҳо оид ба ҳолатҳо дар робита бо ҷомеа, маркетинг ва реклама дар шабакаи онлайн фароҳам меорад. Пас, JAM Forum на танҳо бо ҳайати  спикерон, балки бо минбаъд фароҳамоварии ақидаҳои худ чорабинии байналмилалӣ гардид”, — шарҳ медиҳад роҳбари раёсати минтақии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар ш.Душанбе ва НТМ Парвиз ДАВЛЯТОВ.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *