Саҳми соҳибкорони Балҷувон
Раиси ноҳияи Балҷувон Бахтиёр Сафарзода гуфт, ки дар ним соли гузашта 689 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шуда, бо фаъолияту заҳмати онҳо корҳои зиёди ободонию созандагӣ ба сомон расонида шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 44 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст.
Дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 5 миллиону 300 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ шудааст. Дар панҷ сол дар маҷмуъ амалисозии 129 лоиҳа дар назар дошта шудааст. То нимсолаи аввали соли 2023-юм 51 лоиҳа ба маблағи 88 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.
Бо иқдоми соҳибкорон дар ноҳия аллакай биноҳои нави 7 таълимгоҳ, 4 синфхона, бунгоҳи тиббӣ, Маркази саломатӣ сохта шуда, 80 адад компютерҳо харидаву ба мактабҳо додаанд ва корхонаи коркарди нафту гази «Балҷувон» сохта шудааст. Ҳоло бошад, бунёди фурудгоҳ, марказҳои зиёди хизматрасонӣ идома дорад.
Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ