Саҳнаи нави Дӯстмурод Шарипов аз мушкили ҷавонон мегӯяд
Ҳаҷвнигори маъруф Дӯстмурод Шарипов, ки аксарият бо тахаллуси “Дон Жуан” мешиносанд, пас аз танаффуси зиёд дар ютубканали шахсии худ саҳнаи ҳаҷвӣ-тарбиявӣ нашр кард.
Саҳнаи мазкур номи асосӣ надошта, ду дақиқаро дар бар мегирад. Мазмунан он доир ба аз меъёр зиёд ороиш кардани наварӯсон ва ба қавле фирефтаи зебоии чандрӯза шудани ҷавонон мегӯяд.
Дар он дида мешавад, ки Дӯстмурод Шарипов ба масъули кошонаи ҳусн телефони навъи iPhone туҳфа карда, мегӯяд:
— Шумо як сол пеш ҳамсари маро зебо карда будед, ба ҳамин хотир ин iPhone ба шумо туҳфа.
Зан хурсандона қуттиро мекушояд ва мебинад, ки дар дохили он телефони одӣ истодааст. Аз пушти Дӯстмурод Шарипов рафта, мегӯяд:
— Чаро дар дохили қутии iPhone телефони одӣ аст?
— Шумо ҳам як духтари одиро ба ман мисли модел карда дода будед-ку, — ҷавоб медиҳад қаҳрамони саҳнача.
Албатта, дар чунин ҳолат ҳам метавон хандид ва ҳам гирист, зеро бархеҳо то андозае ба ороиш дилбаста шудаанд, ки то шинохтанашаванда шуданашон худро ороиш мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ