САҲА дар Тоҷикистон мемонад

Мандати фаъолияти дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид шудааст. 
Мунира Шоинбекова, масъули дафтари матбуоти САҲА дар Душанбе гуфт, ки бо қарори Шӯрои доимии САҲА дар шаҳри Вена мандати фаъолияти дафтари САҲА дар Тоҷикистон то 30 июни соли 2017 тамдид гардид: “Шӯрои доимии САҲА яке аз муҳимтарин ниҳоди ин созмон мебошад, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро дорад. Дар ҷаласаҳои он намояндагони ҳамаи 57 кишвар-иштирокчии САҲА ширкат меварзанд. Қарорҳо дар асоси консенсус қабул мегарданд”.
Аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ САҲА аз тамдид наёфтани мандати фаъолияти дафтараш дар Тоҷикистон барои соли 2017 хабар дода буд.
Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон низ дар шарҳи мавзуъ гуфта буд, ки тамдиди мандати намояндагиҳои САҲА на танҳо дар Тоҷикистон балки дар дигар кишварҳо низ дар сатҳи Шӯрои доимии ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор дорад: “Тамдиди мандати фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон бо раиси ин созмон мувофиқа шудааст, аммо барои гирифтани тасмими ниҳоӣ на танҳо розигии Тоҷикистон балки тамоми 57 увзи ин кишвар лозим мебошад”.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон тайи соли гузашта аз фаъолияти САҲА интиқод карданд. Аз ҷумла, роҳ ёфтани намояндагони Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ба ҷаласаи САҲА дар Варшава мояи норозигии мақомоти Тоҷикистон шуда буд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *