Саҳифаи «Фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар интернет кори дасти кист?

Чанде пеш дар Чеченистон саҳифае бо номи «Карфаген”-ро, ки духтарони чечени, ба ақидаи масъулони ин саҳифа, «бадахлоқ”-ро таъқиб мекард, бастанд. Ахиран 10 духтари тоҷик аз саҳифае бо номи «Фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар Инстаграм шикоят кардаанд, ки бо нашри аксҳояшон онҳоро бадном кардаанд. Ҳадафи ин саҳифа чист? Мубориза барои ахлоқ? Ё шантаж?

Ахиран даҳ тан аз духтарони ҷавон нисбати аъмоли афродеки бо пахши аксҳои онҳодар саҳифае бо номи «фоҳишаҳои Тоҷикистон” дар «Инстаграм» ин духтаронро бадномкардаанд, ба вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ариза навиштанд.

Ҷабрдидаҳо мегӯянд, ин афрод аз аксҳои онҳо дар «Фейсбук», «Инстаграм» ва «Одноклассники» нусха бардошта, на танҳо дар саҳифаҳои бадномкунанде мисли «Фоҳишаҳои Тоҷикистон” нашр карданд, балки бо пахши шарҳҳои таҳқиромез, ба обрӯи онҳо зарба задаанд.

Ин духтарон асосан донишҷӯён ва коргаронандки ахиран аксҳои худро дар «Инстаграм» пайдокарданд ва мавриди «шантаж”-у таҳқир қарор гирифтандАз баъзе духтарон ба ивази берун карданиаксҳопул талаб шудаастБаъзе духтарон ба хадамоти «Инстаграм» шикоят фиристоданд ва саҳифабарои чанд рӯз масдуд шудвале боз дубора бо номи дигар ба кор даромад.

Ин гурӯҳ кист?

Ин духтарон мегӯяндаъзои гурӯҳи бадкорки аз рӯи шеваи навишт шаҳрвандони Тоҷикистонҳастандаксҳои онҳоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ дуздидандҶабрдидагон мегӯяндҳоло дар вазъегирифторнаддухтари «сабукпо” набудани худро бояд ба ҳама исбот кунандБародарон ва падарониҷабрдидаҳо гурӯҳи хилофкорроки ҳайсияти духтарони бегуноҳро зери суол бурдаастбо роҳи худҷустуҷӯ мекунандДухтарон барои кӯмак ба вазорати дохилии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Фарангис, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, яке аз ҳамин ҷабрдидаҳо аст, ки аксҳояш дар саҳифаҳои бадномкунанда пайдо шуданд. Ин духтар, ки корманди яке аз муассисаҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе аст ва миёни дӯстону наздикон обрӯву мақом дорад, аз ин нороҳат аст, ки аксҳои пур аз дашному ҳақоратро шояд дӯстону шиносҳояш низ бубинанд.

Ӯ мегӯяд, «як сол пеш ҳам ҳамин гуна саҳифа буд, онро духтари шонздаҳсолае пешниҳодмекард. Ин духтар мегуфт, «ман мехоҳам онҳоро муҷозот кунам».Аз симои ин духтармаълум буд, ки ӯ аз дунё нороҳат аст. Як нафар тавонист ӯро ошкор кунанд. Ин духтардалел пеш овардааст, ки «бале, ба ман ин духтарҳо маъқул нестанд, онҳо маро озормедиҳанд бо буданашон! Ман хостам онҳоро паст задам«.

«Шумораи зиёди сафҳаҳо дар берун сабт шудаанд«

Теъдоди саҳифаҳои «бесензура”дар «Инстаграм«-и тоҷикӣ хеле зиёд астҲоло танҳо яке аз онҳо дарбайни ҷавонон машҳур астки зиёда аз сад аксу видео нашр кардааст ва шумораи пайравонаш ба 8 ҳазор расидаастБисёр пайравони саҳифаи ӯ духтарону писарони ноболиғ мебошанд.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кардки шумораишикояткунандаҳо аз таъқиб дар «Инстаграм» зиёд астУмарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, «нисбати даҳ ҳолати пахши аксҳои фаҳши духтарони болиғу ноболиғ ба вазорати корҳои дохилӣ аризаҳо ворид шудаст. Ҳангоми ошкор кардани ҳуввияти модераторҳои саҳифаҳои мазкур, ки шуморааш зиёда аз даҳ нафар аст, аз рӯи IP дар давлатҳои хориҷа сабт шудаанд.»

Сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки мавриди тавҳини ин гуна шахсон афтодаанд, ҳатман бояд бо вазорати корҳои дохилӣ ҳамкорӣ кунанд. Зеро ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, «ҳатто бисёре аз ҷабрдидаҳо маблағи таъйинкардаи модераторони саҳифаҳоро ба дигар давлат фиристоданд.»

«Барои мардон нанговар аст»

Дар муқобили саҳифаҳое бадномкунандае мисли «фоҳишаҳои ТҶ” дар «Инстаграм» саҳифаҳои зидди ин гурӯҳҳои таъсис ёфт ва модераторҳои он аз «Инстаграм» талаб мекунанд, ки ин саҳифаҳо блок шаванд.Зафар Абдуллоев, журналист, блоггер ва фаъоли ҷомеа мегӯяд, зиёд шудани чунин саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама бояд барои мардони тоҷик нанговар бошад, аммо мутаассифона мардҳо бетарафиро пеша кардаанд.

Ба ақидаи ӯ«ҳатто агар ягон нафаре аз ин духтарон ягон кори номатлуб карда бошад ҳам, ин кор ва зиндагии шахсии худи ҳамон нафар аст ва дигарон наметавонанд ӯроангуштнамои ҷомеа кунанд. Бо ин зуҳурот мубориза бурдан хеле душвор аст, зеро бобастани як саҳифа ё гурӯҳ метавонанд, ки саҳифаи дигаре боз кунанд. Ягона роҳ бафикрам ин аст, ки якум қурбониён ба чунин амал бояд, ки аҳамият надиҳанд ва мардонбояд, ки ба ин эътироз кунанд. Ва ба ҳамон муаллиф нависандПеш аз ҳама мардонитоҷик бояд шармашон оядАгар ягон зани тоҷикро таҳқир кунандпас ин таҳқиритамоми миллат аст

Зафар Абдуллоев мегӯяд: «Ин киберҷиноят ба шумор меояд ва мақомоти вазорати дохилӣбояд ин мушкилотроки ба амнияти шахсӣ ва шарафу сокинони кишвар рабт мегирадҷиддӣ қабул кунанд ва гунаҳкоронро ҷазо диҳанд

Чора чист?

АммоАбдураҳмон Шариповҳуқуқшиноси «Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон» ба ҷабрдидаҳотавсия медиҳадки дар сурати таҳдид ва ҳатто тамаъҷӯӣба додситонӣ муроҷиат кунанд: «Дарқадами аввал ба мақомоти додситонӣ бояд муроҷиат кардБаъди баррасӣ карданиаризапрокуратура муайян мекунадки шикоятро ба кадом мақомоти дахлдор фиристад.»

Вай мӯътақид астки пахши иттилооти бардурӯғ ин ҷиноят аст ва мақомоти дахлдор дар ин замина бояд чора андешанд. Ҳамзамон ба таъкиди Абдураҳмон Шариповҳадафи ин гуна афродки аксҳородар шабакаҳои иҷтимоӣназири «Инстаграм» пахш мекунанд ва шаъну шарафи духтарҳоро пастмезанандбояд муайян гардад ва муҷозот шаванд.

Дар саҳифаҳои бадномкунандае монанд ба «Фоҳишаҳои Тоҷикистон«, садҳо акс нашр шудаастМаълум нестки дар тӯли ду соли ахирки теъдоди корбарони тоҷик дар «Инстаграм» афзоиш ёфтчӣтеъдоди аз духтарҳо мавриди пулситонӣ қарор гирифтанд ва чӣ теъдоди ин таҳқирҳоро хомӯшонатаҳаммул карданд.

Бознашр аз «Озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *