Саҷҷоҷи Форс ба Сурия рафт. Чаро?
Бо Холиқназаров ҳамфикр нестам…
…Боз 44 нафар кушта шуданду 150 нафар захмӣ. Ин дафъа ҳам дар Туркия, дар фурудгоҳи байналмилалии Отатурк. Албатта, ин кори террористҳост ва террористҳо, тавре ки ҳамаи сиёсатмадорон мегӯянд, миллат надоранд. Пас, онҳо аз сайёраи дигар омадаанд? Не, албатта, онҳо ҳама зодагони Заминанд, вале бо мафкураи дигар ва бо ҳадафи дигар. Яъне он, ки террорист миллат надорад, нодуруст аст ва, албатта, миллат дорад, вале дар ҳамаи миллатҳо мисли он гӯсолаи р… гӯсолаҳое ҳастанд, ки подаро ҳаром мекунанд.
Муҳтарам Худойбердӣ Холиқназаров — роҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ аз он ки Раҷаб Эрдуғон ширкати тоҷиконро дар ин амали террористӣ зикр кардааст, хафа шудааст. Ин ҷо набояд хафа шуд, балки коре кард, ки намояндагони миллати мо дар байни террористон набошанд. Бо он ки мо рад мекунем, сафи ҳаммилатони мо дар ҷабҳаҳои ифротгароӣ кам намешаванд.
Тавре ки ҳоло медонем, садҳо нафар тоҷикони ифротгаро дар Сурияю Ироқ ва Афғонистону Покистон машғули куштори ҳамдинони худ ҳастанд ва ин далелест раднопазир. Албатта, Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти он барои садди роҳи ифротгароӣ шудан аз ҳамаи воситаҳо истифода мебаранд ва баъид нест, агар дар ин роҳ аз хизмати муллоҳои ғайрирасмӣ ҳам истифода бурд, ки муҳтарам Худойбердиев инро низ рад мекунанд.
Сурия чангкашак шуд…
Барои садди роҳи ифротгароӣ шудан ҳамаи воситаҳо хубанд. Аммо ҳоло мо дар бораи он гуфтанием, имрӯз кишварҳои дар боло номбаркардаамон як чангкашаке шудаанд, ки тамоми ифротгароёну ҷангҷӯёнро аз сар то сари сайёра ба сафҳои худ ҷалб менамоянд. Ин чиз маъмулист, ки дар куҷое ҷанг нашавад, онҳое, ки пули калон мехоҳанд ва ё барои ба ҷаннат афтодан ягона роҳро дар “ҷиҳод” мебинанд, ба ин ҷо сафар мекунанд. Чунин шахсон дар дигар қисматҳои ҷаҳони ғайриисломӣ низ ҳамчун “сарбозони бахтҷӯ” амал мекарданд. Вақте ки инқилобчиён дар Никарагуа ё Кубаю Конго револютсия мекарданд ва ё дар Италия “бригадаҳои сурх” амал менамуданд, ба сафи онҳо шомил мешуданд. Ё дар ҷанги Чеченистон аз аксари кишварҳои арабӣ “муҷоҳидон” буданд. Ин раванди ҷаҳонӣ аст ва мушкилот ҳам мушкилоти умумиинсонист. Бо он бояд мубориза бурд ва аввалин коре, ки дар ин маврид карда шуд, ин қабули қонун дар мавриди иштирок намудани шаҳрвандони кишвар дар моҷароҳои хориҷӣ буд. Чунин як қонун дар бисёр кишварҳо ҳаст, вале таъсири он натиҷаи дилхоҳ надода истодааст. Зеро таъсири “шамъи парвонасӯз”хеле болотар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем ва тоҷикон беандеша худро ба ин оташ мезананд.
VIP-ҳо ҳам ба чанг меафтанд…
Аммо ин ҷо баъзан ҳолатҳое ҳастанд, ки худи давлатҳо ба чунин амал таҳрик мекунанд. Масалан, ҳафтаи гузашта яке аз сарояндагони машҳури сатҳи ҷаҳонии опера, украин Леонид Слипак дар Донбасс қурбони тири снайпер шуд. Ин сароянда ҳамеша дар Аврупо истиқомат дошт ва барои “ҳимоя аз соҳибистиқлолии давлати Украина” ба ин ҷо омада буд. Ҳафтаи гузашта варзишгари машҳури эронӣ Санҷар Ғарибӣ “барои ҳимояи давлати Башор Асад” озими Сурия шуд. Ин варзишгар дар сатҳи ҷаҳонӣ соҳиби мукофотҳои аввал гаштааст ва акнун мехоҳад президенти Сурияро наҷот диҳаду ба муқобили “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои зиддиасадӣ ҷангиданист. Тавре ки аз маълумотҳо бармеояд, Санҷар Ғарибӣ дар зиндагӣ марди меҳрубон ва беозоре ҳаст. Пас, чӣ сабаб шудааст,ки озими Сурия шудааст? Ин ҷо аз ҳама муҳим вазъи рӯҳии шахс аст ва ё осебпазирии майнаи ӯ ба ҳар гуна таблиғот, вагарна магар ӯ чӣ гуна метавонад Асадро наҷот диҳад? Ё изни Худо чунин аст, ки агар ба инсон аз як тараф чизеро аз дигарон бештар диҳад (айни замон, қувваи бозу) аз чизи дигар онро «компенсатсия» мекунад? Албатта, интихоби роҳи зиндагӣ комилан аз худи шахс вобаста аст, аммо агар ин интихоб марговар бошад, бояд зидди он амал кард ва ба интихобкунанда роҳ нишон дод ва бо истифода аз воситаҳои дастрас садди роҳи ӯ шуд. Ҳоло танҳо ду роҳи пешгирӣ аз чунин амалҳо ҳаст: тарғиботи таъсирбахш ва ҷазои таъсирбахш. Кадоме аз ин роҳҳо натиҷаи бештар медиҳад, баҳсест идомадор…
А.АҲМАДЗОДА
Агар андешаи дигар доед…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ