Сабаби фалокати тайёраи эронӣ дар Исфаҳон

Тамоми 66 сарнишини ҳавопаймои мусофирбари Эрон дар натиҷаи суқути ин ҳавопаймо дар як минтақаи кӯҳистонии вилояти Исфаҳон ҳалок шудаанд.Ҳавопаймо рӯзи 18-уми феврал ҳангоми парвоз аз Теҳрон ба шаҳри шимолуғарбии Ясуҷ дар кӯҳҳои Загрос суқут кардааст. Ҳавопаймои ATR 72 ба ширкати эронии Осмон Эйрлайнз тааллуқ дошт. Тақӣ Таботабоӣ, сухангӯи ширкат гуфт, ки ҳавопаймо дар қуллаи Дино дар баландии 440 метр афтодааст ва тамоми мусофирону халабонҳо кушта шудаанд.Вале ӯ баъдан ба хабаргузории ИСНА гуфт, ки “Мо ҳанӯз ба маҳалли суқут дастрасӣ надорем ва наметавонем, марги тамоми мусофирони ҳавопайморо таъйид кунем.”Ҳавопаймо 60 мусофир ва 6 халабон дошт. Сабаби фалокат маълум нест. Кумитаи Ҳилоли Аҳмари Эрон гуфт, ки 12 гурӯҳи наҷотбахшро ба маҳалли суқути ҳавопаймо фиристодааст. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Эрон ҳавои номусоид нагузоштааст, ки чархболи наҷот ба маҳалли ҳодиса бирасад.Тавре.ки баъзе расонаҳои эронӣ ва русӣ менависанд, сабаби ба фалокат дучор шудани тайёра ин норасоии техникӣ будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *