Сабаби куштор дар тарбхонаи «Карина» чӣ буд?

Шаби 31 июл, соати 23:30 дақиқаи  соли ҷорӣ дар шаҳри  Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, як сарбози пойгоҳи 201-уми Русия Алексей Буенко дар як муноқишаи  авбошона кушта шуда буд.

 

— Як манбаи мақомот ба хабарнигор гуфт,ки  тарабхонаи “Карина” тафреҳгоҳи маъруфи фароғатӣ барои низомиёни руси пойгоҳи 201 мебошад ва  қариб ҳар рӯз  гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ мешаванд ва майнӯши мекунанд. Машрапов Аҳлиддини  24 сола, сокини шаҳри Сарбанд ва истиқоматкунандаи шаҳри Қурғонтеппа айни ҳол дар ягон ҷо кор намекунад ва муҷҷарад аст,ки ӯ  пештар низ  ҳукми суди доштааст. Дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русси бо моддаи 158 қисми 2 бандҳои «а,б» ба мӯҳлати 1 солу шаш моҳ аз озоди маҳрум шуда буд.

Аҳлиддин бо рафиқонаш Сафархон Халилов , Абдулло Ҷалилов ва Амриддин  дар тарабхонаи «Ориёно» воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Қурғонтеппа хӯроки шом ҳӯрда, 3 шиша шароб менӯшанд.Сипас соатҳои 23:30 дақиқа ба тарабхонаи «Карина» меоянду  Аҳлиддин аз мошин фаромада ба ҳоҷатхона меравад,вале азбаски дар дохили ҳоҷатхона шаҳрванд Раҳмонов Умед  корманди Раёсати назорати маводи нашъаовари дар вилояти Хатлон қарор дошта,  дари ҳоҷатхона махкам будааст,Машрапов Аҳлиддин бо мушт дарро куфта норозигии Алексей Буенковро ба миён меорад ,ки дар навбат будааст. Байнашон  занозани сар мешавад ва яке аз рафиқони Алексей бо мушт ба рӯйи Аҳлиддин мезанад.

Дар ҳамин ҳол, Умед  Раҳмонов  аз дохили ҳоҷатхона мебарояд ва Машрапов Аҳлиддин бо гумони он,ки ӯ низ рафиқи Алексей аст, кордеро,ки ҳамроҳи худ дошт ба ӯ ҳуҷум мекунад. Теғи корд  ба зери манаҳи Умед расида, ба  ӯ зарари сабуки ҷисмони мерасонад.

Сипас  Машрапов боз ҳам ба моҷаро идома дода,  вориди толори қаҳвахона мегардид ва бо Буенков Алексей,ки бо ҳамрои ҳамсараш ва ду нафаре,ки бо ҳамроҳи Алексей омада буданду  дар толор мерақсиданд,ҳуҷум карда  аввал ба қоши чапи Буенков А зарба задаст. Буенков  бо мақсади раҳо шудан аз дасти Машрапов  мегурезад, вале  Ҷинояткор боз бо корд ба зери манаҳи ӯ мезанад.

Дар натиҷаи зарбаи охирин раги калони қулфаки  Алексейр бурида шуда, аз он хун ҷори мешаваду  аз ҳуш меравад.Алексейро соати 00:10 дақиқа ба шуъбаи қабули беморхонаи вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов дастрас намудаанд,вале аз хунравии зиёд ӯ ба ҳалокат мерасад.

Аҳлиддин баъд аз ҷиноят содир карданаш ба хонаашон  рафта,бо мақсади фирор намудан шиносмаи худро гирифта баромадааст.  Вале дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷӯи  аз тарафи кормандони шуъбачаи кофтукови ҷиноятии ШВКД дар шаҳри Қургонтеппа дар ҳудуди шаҳри ӯро соати 01:35 дастгир кардаанд. Тибқи санади муоинаи духтури нарколог Машрапов Аҳлиддин дар ҳолати мастии майзадагии дараҷаи миёна карор доштааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *