Сабаби марги Илёс Мирзозода таҳқиқ мешавад
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, сабаби марги Илёс Мирзозода, муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки ҷасадаш як ҳафта қабл аз ҷангали назди Маскав дарёфт шудааст, таҳқиқ мешавад.
Марҳум сокини ноҳияи Восеъи Вилояти Хатлон буда, ҷасадаш рӯзи 25-уми январ ба Ватан интиқол дода шуд. Илёс Мирзозода як ҳафта ҷон бохта, сабаби маргашро мақомот айни замон муайян накардааст. Сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар ин қазияро зери назорат гирифта, мегӯянд тафтишот сабаби марги ин муҳоҷири тоҷикро муайян хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ