Сабаби носозии интернети мобилӣ дар чист?

Агар интернети мобилӣ суст кор кунад, соҳибони смартфонҳо дар навбати аввал операторро гунаҳкор мекунанд. Лекин биёед дар хулосабарорӣ саросема нашавем. Ҳадди ақал панҷ сабабе мавҷуд аст, ки ба сифати алоқа таъсир расонида, аз ширкатҳои телекоммуникатсионӣ умуман ҳеҷ вобастагӣ надоранд.

Бебарқӣ

Ҳамаи мо хеле зиёд маҷбур мешавем, ки бе барқ нишинем. Чунин ҳолат дар шаҳрҳои калон низ, махсусан дар фасли зимистон, ба назар мерасад. Дар баъзе ноҳияҳои дигар бошад, барқ дар соатҳои муайян қатъ карда мешавад. Мутаассифона, чунин аст хусусияти фаъолияти ташкилотҳои таъминкунандаи манбаъҳо. Ва агар дар ин ҳангом бо сабаби бараъло аён, масалан, телевизор кор накунад, айбдор кардани шабакаи телевизионӣ ҳатто ба фикри касе намеояд. Фаромӯш набояд кард, ки операторони мобилӣ низ аз шабакаҳои берунии барқ вобастагӣ доранд.

Албатта, ширкатҳои телекоммуникатсионӣ ҳамаҷониба ҳаракат мекунанд, ки ҳолатҳои марбут ба маҳдудияти нерӯи барқро пешбинӣ намоянд. Дар пойгоҳҳои базавӣ (ПБ) аккумуляторҳо, генераторҳои дизелӣ ва баъзан ҳатто батареяҳои офтобиро истифода менамоянд. Лекин анҷоми чунин амал на ҳамеша ва на дар ҳама ҷой даст медиҳад — масалан, дар ҳавои абрноки барфӣ офтоб кумак намекунад. Манбаъҳои нисбатан маъмулии нерӯ бошанд, ҳатто дар сурати мутобиқ будан ба фаъолияти тӯлонӣ ҳангоми ҳароратҳои манфӣ манбаи қатъиян муайян доранд. Нерӯи аккумулятор ва захираи бензин беохир нест. Онҳо хеле зиёд то лаҳзаи аз ҷониби таҳвилгарони нерӯи барқ барқарор карда шудани интиқоли нерӯи барқ ба охир мерасанд. Дар чунин ҳолат мутахассисони алоқа ПБ-ро ба реҷаи махсуси сарфакорӣ мегузаронанд. Дар ин реҷа хизматрасонии асосӣ – алоқаи овозӣ чун пештара фаъолият мекунад. Мутахассисони алоқа ба хубӣ дарк мекунанд, ки эҳтимол аст ба одамон фавран даъват кардани духтур ё сӯхторхомӯшкунҳо зарур ояд. Табиист, ки интернети мобилӣ суст мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки чунин ҳолат на барои оператор, на барои муштариён манфиатовар нест.

Ларзиши замин

Шароитҳои номусоиди боду ҳаво – боз як сабабест, ки ба сифати алоқа ва пайвастагиҳои интернетӣ таъсири манфӣ мерасонад. Таҷҳизот ҳатто дар бинои пӯшида метавонад дар фасли тобистон гарм шавад ё дар фасли зимистон ях бандад. Иртиботи берунӣ низ дар баробари онҳо ях мекунад ё аз тӯфон зарар мебинад. Дар ин ҳолат мутахассисони алоқа, ки ба ақидаи баъзеҳо “дар ҳама кор гунаҳкоранд”, дар дилхоҳ боду ҳаво ба макони ҳодиса ҳозир шуда, садамаро бартараф мекунанд. Чунин ҳам мешавад, ки тӯфон ҳоло ба поён нарасидааст, лекин корҳои таъмирӣ аллакай шурӯъ шудаанд. Зеро алоқа бояд ба муштариён 24 соат дастрас бошад, ин масъала, одатан, ба амнияти шахсӣ рабт дорад.

Офатҳои табиие, ки миқёсашон бузургтар аст, боз ҳам хатарноктаранд. Барои Тоҷикистони куҳӣ заминҷумбиҳо, селҳо, обхезиҳо ҳодисаи муқаррарист. Хатҳои алоқа бинобар тармафароию саргрезиҳо зарар мебинанд. Ва боз мутахассисони алоқа баҳри барқароркунии қобилияти кории шабака дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин сафарро пеша мекунанд.  

Мушкилоти марбут ба ХАНН

Сабаби рақами се — омили инсонӣ. Ҳаҷми назарраси трафики абонентиро, аз ҷумла ҳангоми истифодаи интернет, операторон тавассути хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ (ХАНН) интиқол медиҳанд. Ба таври содда гӯем — тавассути кабелҳо. Кам нестанд ҳолатҳое, ки кабели нахӣ-нурӣ дар ними роҳ дар мавзеи муайяне аз кор мебарояд, зеро маҳз дар ҳамин макон ягон ташкилоти сохтмонӣ-таъмирӣ иқдом мекунад, ки корҳои муайянеро ба анҷом расонад. Ҳолати дигаре, ки нисбатан зиёд дар Тоҷикистон ба амал меояд — мошинҳои боркаш сутунҳоро зада, ба кандашавии хатҳои (ҳавоии) алоқа оварда мерасонанд.

Баъдан чӣ сурат мегирад, шумо аллакай медонед: муҳандисон-мутахассисони алоқа ба макони ҳолати фавқулода дар дилхоҳ вақти шабонарӯз ҳозир шуда, дар ҳама гуна боду ҳаво таҷҳизоти вайронаро дуруст мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ин якчанд соат шояд интернет суст ҳам нашавад, зеро операторон ҳаракат мекунанд, ки “ҳалқаҳои” ХАНН-ро ташкил намуда, трафикро ба самти муқобил равона созанд. Лекин истифодаи чунин технология на дар ҳама макон имконпазир аст.

Ҳамчун паси девори сангин

Табиист, ки сифати интернет аз макони қарордоштаи соҳиби смартфон вобастагӣ дорад. Шабакаҳои операторон олианд, ягон ҳолатҳои фавқулода ё офатҳои табиӣ мушоҳида намешаванд, дар кӯчаҳо интернет бо суръати хеле баланд дастрас аст. Лекин ҳамин ки муштарӣ вориди бино мешавад — сомонаҳо боз суст мегарданд. Гап дар сари чист?

Одатан – дар деворҳо. Дар ҷое ба воридшавии сигнал ғафсии онҳо монеа мешавад, дар ҷои дигаре – маводҳое, ки сохтмончиён истифода бурдаанд. Биноҳои баландошёна бо худи ҳаҷмашон “минтақаҳои душворгузар”-ро ташкил мекунанд, ки дар онҳо истифодаи телефонҳо мушкил мешавад. Операторон маҷбур мешаванд, ки пойгоҳҳои базавиро бевосита дар дохили биноҳо гузоранд, ё сигналро бо роҳҳои дигар ворид созанд, барои ин кор низ ПБ-и иловагӣ ва гарон зарур меоянд.

Бар хилофи мантиқ

Ва ниҳоят сабаби панҷуми номураттабиҳои алоқа ва интернет – вандализми маъмулист. Дар маконе сокинон кабели ХАНН-ро бо умеди минбаъд фурӯхтани он канда мебароранд. Ё умуман хатро мебуранд, зеро ба назарашон хати гузаронидашуда намуди зоҳирии маҳалеро коста мекунад. Дар макони дигаре вайронкорон ҳуҷраҳои таҷҳизотро шикаста, аз он, масалан, кондитсионерро берун меоранд. Дар натиҷа, таҷҳизоти алоқа гарм шуда, аз кор мемонад. Пешбинӣ кардани он, ки маҳз дар кадом макон чунин ҳодиса ба вуқуъ мепайвандад ва инчунин дарккунии мантиқи қоидавайронкунандагон дар аксар мавридҳо ғайриимкон аст. Зеро онҳо худ, деҳаи худ ва наздиконашонро, амалан, бе алоқа мемонанд. Чӣ илоҷ, дастгиркунии вандалҳо аллакай кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст. Кори операторони алоқа бошад… Шумо худ аллакай огоҳ ҳастед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *