Сабаби сӯхтор дар бозори Шаҳритус муайян гардид

Аз рӯи хулосаи кормандони ВКД дар рафти санҷиши ҳодисаи сӯхтор дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус, ки масоҳати 800 метри мураббаъро фаро гирифта буд, муайян гардид, ки сӯхтор дар натиҷаи расиши ноқилҳои барқи ба амал омадааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» дар такя ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки 24 майи соли равон дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритус сӯхтор ба амал омада, боиси хисороти калони моли молӣ гардид.

Барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш гардид.

Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 12 мағозаи хӯрокворӣ, 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиёда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд.

Ҳамзамон хатари паҳншавии оташ ба биноҳои «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк», ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *