Сабаби тамбашавӣ чист?

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чанд сабабро номбар кард, ки боис ба тамба шудани воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои Душанбе мегарданд.

Роҳҳои Душанбе қариб ҳамарӯза ба вақти субҳу шом, аниқтараш ба дарсу кор рафтан ва баргаштани мардум дар банди мошинҳо мемонад.

Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёт сабаби рух додани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанберо шарҳ дод.

Ин ниҳод сабаби асосии мушкилӣ дар роҳҳоро ба зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт рабт дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки агар даҳ сол пеш дар кишвар ҳамагӣ 389 ҳазор мошин ба қайд гирифта шуда буд, ба ҳолати 1 марти соли 2024 ин рақам ба беш аз 666 ҳазор мошин расидааст.

Сабабҳои дигари дар банд мондани ҷодаҳои пойтахтро вазорат ба корҳои таъмиру сохтмон, муваққатан аз кор мондани чароғаки роҳнамо ва рух додани садамаҳои нақлиётӣ рабт дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *