Сабаби заҳролудшавии Карлсен чӣ будааст?
Сабаби заҳролудшавии шоҳмотбози норвегӣ Магнус Карлсен дар пешорӯи бозии финалии Ҷоми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Боку ғизои бесифат будааст.
Бино ба иттилоии ТВ “Варзиш”, дар ин бора ба “ТАСС” президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) Аркадий Дворкович гуфтааст.
Дар рақобати финалӣ 16-умин қаҳрамони ҷаҳон дар тай-брейк Рамешбабу Прагнанандха аз Ҳиндустонро шикаст дод. Баъди даври аввали маъмулии финалӣ Карлсен шикоят кард, ки бо сабаби заҳролудшавӣ ду рӯз таом истеъмол карда наметавонист.
«Магнус гуфт аз таоме заҳролуд шудааст, ки дар меҳмонхона фармоиш дода буд. Воқеан дар вақти бозии финалӣ худро бад эҳсос мекард ва ин бараъло ба чашм мерасид, вале ин мушкилро ӯ паси сар карда тавонисту ба пирӯзии зебое даст ёфт. Магнус хушҳол аст, ки бори нахуст дар Ҷоми ҷаҳон зафар ёфт. Дар маросими ҷоизасупорӣ зиёд табассум мекард, фаъолона соядаст мемонд ва бо кӯдакон аксгирӣ менамуд. Дар умум бар замми чанде аз ҳолатҳои мушкил кулли роҳи мусобиқаро бо боварии бузург тай кард ва ба таври арзанда ба пирузӣ расид»,- иқтибос меорад аз суханони Дворкович “ТАСС”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ