Сабикаҳои ченакии тило-воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими ҳаҷми пули нақд дар муомилот, рушди бозори металлҳои қиматбаҳо ва диверсификатсияи захираҳои аҳолӣ фурӯши сабикаҳои ченакии тилоро бо вазнҳои 5, 10, 20, 50 ва 100 грамм ба роҳ мондааст.
Сабикаҳои ченакии тилои Бонки миллии Тоҷикистон дар корхонаҳои холискории Metallor Technologies SA Швейтсария, ки дорои сертификати Ассотсиатсияи бозори металлҳои қиматбаҳои Лондон ва сифати байналмилалии London Good Delivery бо иёри 999,9 мебошанд, тайёр карда мешаванд.
Нархи фурӯш ва бозхариди сабикаҳои ченакии тилои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза бо пули миллии сомонӣ дар асоси фиксинги пагоҳирӯзии иттиҳоди бозори филизоти қиматбаҳои Лондон муқаррар карда шуда, дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон www.nbt.tj нишон дода мешавад.
Сабикаҳои ченакии тило — воситаи молиявии дорои пардохтпазирии баланд буда, имкон медиҳад, ки доранда онҳоро ҳамчун пасандоз нигоҳ дорад ё тавассути хариду фурӯши минбаъда даромад ба даст орад. Афзалиятҳои сабикаҳои ченакии тило:
• пардохтпазирии баланд;
• воситаи дарозмуддати сармоягузорӣ;
• ҳифз аз таваррум ва буҳронҳои иқтисодӣ;
• бозхарид бо пардохти маблағ ба муштарӣ дар ҳамон рӯз (бо шарти ҳифз ва вайрон накардани борҷомаи муҳофизатӣ).
Шаҳрвандон метавонанд сабикаҳои тилоро аз хазинаҳои дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, шуъбаҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, шаҳраки Ғарм ва бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дастрас намоянд. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ:
Бонки миллии Тоҷикистон, ш. Душанбе — 44 600 32 77;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар ш. Хуҷанд — 44 630 06 50;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар ш. Бохтар — 44 620 05 42;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар ш. Кӯлоб — 44 625 05 75;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар ш. Хоруғ — 44 640 06 05;
Шуъбаи минтақавии БМТ дар ш. Ғарм — 44 630 38 44;
Шуъбаи матбуоти БМТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ