Сабти таваллуд ҳам электронӣ мешавад

Дар Тоҷикистон низоми электронии сабти таваллуд ва фавт ҷорӣ мешавад.

 Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  24-уми октябр дар мавзӯи ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар чор таваллудхонаи пилотии шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гаштааст.

Манучеҳр Шамсуллозода, директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ ва Манучеҳри Асомиддин, мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *