Сабукӣ ба соҳибкорон. Фармони Президенти кишвар имзо шуд
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19
ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии таъсири пайомадҳои бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида:
— барои бо варақаҳои корношоямӣ таъмин намудан ва пардохти ҷубронпулии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вобаста ба бемории сироятии СOVID-19 таҳти муоинаи тиббӣ қарор дода мешаванд, чораҷӯӣ намояд;
— нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандонеро, ки ба бемории СOVID-19 сироят ёфтаанд, аз ҳисоби маблағҳои мақсаднок пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ройгон анҷом диҳад;
— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонад;
— то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пешбинӣ ва пардохт намояд;
— то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархҳои маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузорад;
— аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатии соли 2020 ва маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои харидорӣ ва пурра намудани захираҳои моддии давлатӣ, аз ҷумла ғалла, тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, заҳрхимикатҳо ва сӯзишворӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо намояд;
— аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 ба иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ташкилотҳои хӯроки умумӣ, марказҳои саломатию варзишӣ, осоишгоҳҳо, ҳамлу нақли мусофиркашонии байналмилалӣ ва аэронавигатсия таътили пардохтҳои андозӣ пешбинӣ намояд ва ҳисобкунии фоизҳоро барои сари вақт пардохт нагардидани андозҳо барои ҳамин давра манъ намояд;
— аз 1 май то 1 августи соли 2020 субъектҳои соҳибкории хурду миёнаро, ки бо сабаби паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 пурра аз фаъолият бозмондаанд, аз пардохти маблағи иҷораи моликияти давлатӣ озод намояд;
— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 барои субъектҳои хоҷагидорие, ки дар муҳлати муқарраршуда андози иҷтимоиро пардохт накардаанд, татбиқи чораҳои ҷавобгарии андозиро манъ намояд;
— аз 1 май то 1 августи соли 2020 соҳибкорони инфиродие, ки тибқи патент дар бозорҳо, марказҳои савдо ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, аз ҷумла сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ателеҳои мӯд ва дӯзандагӣ фаъолият менамоянд, аз ҳисоб ва пардохти андозҳо озод намояд;
— аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар намояд;
— аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, доруворӣ ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод намояд;
— фаъолияти муассисаҳои тиббӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳоро вобаста ба ройгон ҷойгир кардани шаҳрвандон барои таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва ё табобат аз бемории сироятии СOVID-19 ба муҳлати дахлдор аз андозбандӣ озод намояд;
— бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст намояд;
— нархҳои молҳои ниёзи мардум, аз ҷумла доруворӣ ва маводи тиббӣ, ниқоб, антисептик, инчунин орд ва маҳсулоти нонӣ, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти лӯбиёгӣ, картошка, собун ва сӯзишвориро дар кишвар танзим намояд;
— аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути муассисаи давлатии «Фонди дастгирии давлатии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва таъиноти тиббӣ, бахусус соҳибкорзанҳо маблағҳои қарзии имтиёзнок ҷудо намояд;
— то ба эътидол омадани вазъ ҳангоми хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ба молистеҳсолкунандагони ватанӣ афзалият диҳад;
— барои таъмини фаъолияти фосилавии мақомоти давлатӣ раванди татбиқи ташаккули ҳукумати электрониро ҷоннок намояд;
— барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳамаҷониба мусоидат намояд;
— ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти соҳибкорӣ ва ё ба кори кироя машғул мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани хатари эпидемиологӣ ҳангоми ворид шудани онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани раводид ва иҷозат барои кор ва бақайдгириро дар мақомоти дахлдор таъмин намояд;
— то ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ муҳлати раводид барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро тамдид карда, таҳримҳоро барои риоя нагардидани талаботи қоидаҳои будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ нанамояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон:
— ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ дар ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс-мажор) дар доираи қонунгузории амалкунанда ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ маблағҳои қарзии фавқулода пешниҳод намояд;
— якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои саривақтии байналмилалии давлатӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда чораҷӯӣ намояд;
— мубодилаи асъори хориҷиро ба субъектҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ки ба воридоти молҳои ниёзи аввалия, аз ҷумла дорувории тиббӣ, ғалла, орд, равғани растанӣ, шакар ва сӯзишворӣ машғуланд, инчунин барои иҷрои уҳдадориҳои молиявии давлатӣ нигаронида шудаанд, бо афзалият таъмин намояд;
— ҷиҳати таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ бо маблағҳои қарзӣ тадбирҳои танзимкунандаи меъёриро тавассути бознигарии меъёри бозтамвил ва меъёри захираҳои ҳатмӣ анҷом диҳад;
— дар доираи имкониятҳои ҷойдоштаи ташкилотҳои қарзӣ ва бо дарназардошти пешгирии хавфҳо ҷиҳати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ татбиқ нагардидани ҷаримаҳо нисбат ба субъектҳои хоҷагидорӣ ва шахсони воқеӣ, ки уҳдадории қарзии худро аз 1 май то 1 октябри соли 2020 аз рӯи қарзҳои муҳлатнок анҷом дода наметавонанд, чораҷӯӣ намояд;
— якҷо бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои истифодаи фосилавӣ аз воситаҳои электронӣ, пардохти хизматрасониҳои пулакии давлатӣ, ҷаримаҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет чораҷӯӣ намояд.
3. Доир ба тадбирҳои амалинамуда вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии СOVID-19 тавассути воситаҳои ахбори омма мунтазам маълумот интишор карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
5 июни соли 2020
№1544
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ