Сабукиҳои карантин дар Ӯзбекистон

Мақомоти Ӯзбекистон тасмим доранд, ки маҳдудиятҳои карантинро сабуктар кунанд. «Ба сокинон иҷозат мешавад, ки аз мошинҳои шахсӣ истифода карда, бо кӯдакон дар наздикии ҷои зист ба гашту гузор бароянд»,-гуфт Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев.

Рондани мошини шахсӣ дар соатҳои муайян: субҳ аз соати 7 то 10 ва бегоҳ аз соати 5 то 8 барои рафту омад ба коргоҳ, муассисаи тиббӣ ва ё дорухонаву мағоза иҷозат аст.

Президент ҳамзамон интиқол додани маҳсулоти кишоварзиро байни вилоятҳо ва шаҳрҳо иҷозат дод. Сабзавот, мева ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзиро метавон, барои фурӯш ба ярмаркаву бозорҳо расонид.

«Бо назардошти вазъи санитариву беҳдоштӣ, вазъи боду ҳаво ва муроҷиати бешумори мардум гашту гузор бо кӯдакон ҳам иҷозат дода мешавад»,-хабар доданд расонаҳо аз қавли президенти Ӯзбекистон.

Бино ба омори расмӣ, дар Ӯзбекистон 1969 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз ин теъдод 1066 кас шифо ёфта, 8 тан фавтидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *