Сабзагул Қурбонова: Нахоҳам иллати миллат

Аз саҳнаи театр то пардаи синамо, аз нақшҳои хурд то симоҳои асосӣ… Ӯ ҳамеша тавонистааст бо иҷрои самимиву табиии худ мухлисонро мафтун намояд. Аммо паси шуҳрати ҳар як ҳунарманд заҳмати бузурге ниҳон аст, паси пардаи ҳунар зиндагие пуршебу фарозе ҳаст, ки муборизаи пайвастаро талаб мекунад. Рӯзгори Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сабзагул Қурбонова ҳам истисно нест, вале мушкилоти зиндагӣ ӯро нашикаст, аз саҳна дур накард, балки ӯро устувор кард ва муҳаббаташро ба зиндагиву ҳунар амиқтар намуд.

Ин ҳафта ба аёдати Сабзагул Қурбонова омадем. Ин ҳунарпешаи номошнои театру синамои тоҷик пас аз ҷароҳат бардоштани пояш як муддат аз саҳна дур шуда буд, вале мегӯяд боз ба саҳна баргаштааст.

“Вақте поям захмӣ шуду як муддат хонашин будам, хеле дилтанг шудам. Шукри Худо ҳоло хубам. Поям низ нағз шудааст. Чандест, ки ба театр меравам…”.

— Айни замон ба саҳна мебароед?

— Бале, агар намоишҳое, ки ман дар онҳо нақш мебозам, ба саҳна гузошта шаванд, ба саҳна мебароям. Ба ҳар ҳол, ҳафтае як-ду маротиба  ба театр меравам. Дар театр се ҳунарпеша аз замони шӯравӣ мондаем. Меравем, ҷаъм мешавем ва аз хотираҳои ҷовонӣ ба ёд меорем. Замони ҷавонии мо кор дигаргуна буд. Муносибатамон ба кор ҷиддӣ буд. Вале имрӯза ҷавонон ба кор саҳлангорӣ мекунанд, ҳатто дар роликҳои блогерони кӯчагӣ ҳам нақш мебозанд…

— Фарқи ҷавонони имрӯза аз ҷавонии шумо дар чист?

— Муносибати мо ба кору зиндагӣ дигар буд. Ҳатто дохил шудан ба донишгоҳ мисли имрӯза сода набуд. Вақте ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи актёрии факулати санъати Институти педагогии Душанбе, феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки баъдан дар заминаи он факултаи санъати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода таъсис ёфт, супоридам, имтиҳони аввал навиштани иншо буд. Ман дар мавзӯи баҳор як матни зӯр навиштам, кӣ ба устодон хело писанд омад.

Имтиҳони дуюми дохилшавӣ бошад, аз маҳорат буд. Маро гуфтанд, ки “фикр намо, кӣ дар пешат як дарёи калон аст ва он тарафи соҳил дугонаат истодаааст. Ту бояд ӯро фарёд намоӣ”. Ман бошам, бо як садои баланд дод задам: “Зебииииӣ, о Зебиииӣ”. Баъд гуфтанд суруд хонда метавонӣ? Рақс чӣ? Ҳамин тавр маро аз ҳама ҷиҳат санҷиданд ва баъд қабул карданд. Аз сабаби он ки дар замони донишҷӯӣ хело фаъол будам, пас аз хатм маро ба Театри ҷавонон равон карданд.

— Зиёда аз ним аср мешавад, ки шумо ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият мекунед. Оё боре фикри тағйири ҷойи кор дар зеҳнатон омад?

— Беҳуда намегӯянд, ки ниҳол дар якҷо месабзад. Як замон буд, ки байни кормандони театр ҷудоӣ шуда буд. Ё зиёд одамон омаданду рафанд. Вале ман ҳамеша аз пайи кори худ будам ва ба ягон гурӯҳ ҳам ҳамроҳ нашудам. Фикри аз театр рафтанро ҳам накардаам. Аз касбам низ дилмонда нашудаам.  

— Аз миёни нақшҳое, ки бозӣ кардед, кадоме ба зиндагии шумо наздиктар буд?

— Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳамсарам аз дунё гузашт. Ман бо шаш духтар танҳо мондам, ки калониаш донишҷӯ буд ва хурдиаш ҳанӯз панҷсола. Он замон доим корам гиря буд. Вале бо вуҷуди ин тарки саҳнаву театр накардам. Як рӯз дар хона нишаста будам, ки коргардон Абдулҳафиз Қодиров омаду гуфт: “Мешинӣ дар хона нишаста? Хез биё театр, ман як намоиши нав мегузорам”. Баъд ӯ маро барои иҷрои нақш дар намоишномаи “Нахоҳам иллати миллат” даъват кард. Ин намоиш ба зиндагии ҳамонвақтаи ман хело шабоҳат дошт: Шавҳарашро мекушанд ва бачаашро ба ҷанг мебаранд…

Боқӣ ҳамаи нақшҳоям барои ман азизанд, зеро онҳо бахше аз як давраи зиндагии ман ҳастанд.

— Гуфтед бо шаш фарзанд танҳо мондед. Чӣ гуна онҳоро ба воя расонидед?

— Бисёр душвор буд, вале ман тавонистам шаш духтарамро бузург карда, соҳиби маълумоти олӣ гардонам. Ҳоло ҳамаи онҳо соҳиби хонаву дар, ҷойи кор ва зиндагии обод ҳастанд. Сад шукр, имрӯз соҳиби 12 набера ва 2 абера ҳастам. 29 сол мешавад, ки шавҳарам ба раҳмати ҳақ пайвастаанд, вале то ҳол бо хешу таборашон алоқаамро накандаам. Ягон маъракаашон бе ман намегузарад. Имрӯз ба қавле давлати пирӣ меронаму аз зиндагии худ розӣ ҳастам.

— Чанд рӯз баъд 73-сола мешавед. Ин санаи умратонро чӣ тавр пешвоз мегиред?

— Ҳоло фикр накардаам. Се сол пеш 70-солагиаро дар театр бошукӯҳ таҷлил карда буданд. Агар умр вафо кунад, дар 75-солагиам низ маҳфили эҷодӣ ташкил мекунам. Имсол дар ҳалқаи фарзандону набераҳо хоҳам буд.

— Ташаккур, ман ҳам ҳатман меоям!

— Шод мешавам…

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image