Сад мушкили як деҳа. Президент умеди охирини сокинони Шерхонии Ҳисор аст (Видео)

Деҳаи Шерхонии ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор 25-30 км дуртар аз маркази шаҳр ҷойгир шудааст. Аммо мардуми ин деҳа ҳар рӯз барои ба шаҳри Душанбе омадан, бо қаиқ дарёи Кофарниҳонро мегузаранд, чун роҳи дигар надоранд. Муроҷиатҳои пай дар пай барои ҳалли мушкили онҳо ва сохтани пул бенатиҷа анҷом ёфтааст…

“Таксӣ” – қаиқ

Деҳаи Шерхонӣ на мағоза дорад, на беморхона ва на дорухона. Ҳатто сокинони деҳа аз оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва маҷбуранд, ки оби рӯди Кофарниҳонро истеъмол намоянд.

Барои ба бозори марказии шаҳри Ҳисор ё ин ки ба шаҳри Душанбе рафтан ва молу лавозимоти рӯзгорро харидорӣ кардан аҳолии деҳаи Шерхонӣ азият мекашанд. Зеро набудани нақлиёт ва роҳи дароз то ба маркази шаҳри Ҳисор ва аз он ҷо ба Душанбе ба занону духтарон ва пиронсолони деҳа мушкилӣ эҷод менамояд. Мардум аз ноилоҷӣ дар вақтҳои зарурӣ бо истифода аз балонҳо, камераҳои резинӣ ва қаиқҳо дарёи Кофарниҳонро убур карда, ба деҳаи ҳамсоя (деҳаи Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ) мегузаранд ва аз он ҷо ба нақлиёт савор шуда, ба маҳалли зарурӣ мерасанд. Аммо ин роҳ дар рӯзҳои серобии дарё хеле хатарнок аст.

“Аз деҳоти Сарикиштӣ то шаҳраки Гипрозем 10-11 км масофа мебошад. Барои харидории дорувории шавҳари беморам аз Душанбе аз қаиқ истифода мебарам ва ин хеле арзон аст. Дар 10 сомонӣ ба Душанбе рафта меоям. Вале барои бо роҳи Ҳисор рафтан ба ҷойи 10 километр роҳ бояд 35 километр то маркази ноҳия рафт ва тақрибан 20 километри дигар аз Ҳисор то Душанбе тай кард. Ин ҳам вақти зиёдро мегирад ва ҳам роҳкирояш қимат”, — мегӯяд Қурбонгул Тағойқулова, сокини деҳаи Шерхонӣ.

Дар деҳаи Шерхонӣ зиёда аз 600 нафар иқомат доранд. Аксарияти ҷавонмардони деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд.

Мактаби 9 — сола

Деҳаи Шерхонӣ мактаби таълимии нуҳсола дорад. Набудани пул ва роҳ ба он сӯи дарёи Кофарниҳон ва мактабҳои деҳаи ҳамсоя кӯдакони Шерхониро маҷбур кардааст, ки аксарият баъди хатми синфи 9 дигар таҳсил накунанд, зеро волидон таваккал намекунанд, ки фарзандонашон ҳар рӯз аз болои дарёи сероб бо қаиқ равуо кунанд.

“Ду набераи якумхон ва як писари синфи 11 дорам ва дар мактаби деҳаи Сарикиштӣ мехонанд. Ҳар рӯз аз дарё бо “лотка” мегузаранд. То ба он тарафи рӯд гузаштан ва аз он ҷо ба ин тараф, чашмам дар онҳост. Метарсам, ки дучори ягон фалокат нагарданд”, — афзуд Холова Саида.

Ба гуфтаи сокинони Шерхонӣ, тайи 20 соли охир ягон духтари ин деҳа натавонистааст, ки ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил шуда, таҳсили худро идома диҳад ва дар ягон соҳа фаъолият намояд. Чунки баъди хатми мактаби нуҳсола онҳо имкон надоранд, ки роҳи 4-6 километрро барои идомаи таҳсили синфи 10-11 то деҳаи ҳамсоя тай кунанд.

Соле 3-4 нафар ғарқ мешаванд

Сокинони деҳаи Шерхонӣ мегӯянд, ки дар рӯдхонаи Кофарниҳон дар як сол то чор нафар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд. Борҳо оилаҳо ҳангоми убури дарё бо фарзандонашон ба дарё афтоданд ва хушбахтона бо кумаки мардум наҷот ёфтанд. Дар тирамоҳу зимистон маҷрои об суст ва кам мебошад, вале дар баҳорону тобистон пурҷӯшу хурӯш, ки он пурхатар аст.

Қаиқрон Эшматов Амриддин: “Як сол аст, ки одамонро ба воситаи қаиқи резинӣ аз ин соҳил ба он соҳил мегузаронам. Бисёр кори душвор аст. Аз субҳи содиқ то шому хуфтан кор мекунам. Як нафар 2 сомонӣ аст, рафтуомад 4 сомонӣ мешавад. Рӯзҳое мешавад, ки ба ҳодисаи нохуш дучор мешавем, чизу чораи мардум ба об меравад. Қаиқ чун резинӣ аст, мекафад, ки ин ба мо зарари калон мерасонад”.

Пули аз бепулӣ нообод

Бино ба гуфтаи сокинон, пештар миёни деҳаҳои Шерхонӣ ва Сарикиштӣ пули одамгузар мавҷуд будааст. Дар солҳои нооромии ҷумҳурӣ, дар фасли баҳор сели дарёи Кофарниҳон пули одамгузарро ба пуррагӣ канда бурдааст ва аз ҳамон сол то ба имрӯз пул барқарор нашудааст.

Ба иттилои сокинон онҳо борҳо бо мактубу дархост ба Вазорати нақлиёт, Ҳукумати шаҳри Ҳисор, Дастгоҳи Президент ва дигар мақомотҳои болоӣ барои дастгирӣ намудан ва кумак барои сохтани пули одамгузар муроҷиат намудаанд, вале… танҳо ваъда шунидаанду халос.   

Чун мардум диданд, ки аз ин даводавӣ ягон умеде нест, худ барои сохтани пули одамгузари 200 — метра камари ҳиммат бастанд. Сокинон мувофиқи бозёфти худ пул доданд, пулнадоштаҳо гову молашонро фурӯхтанд, то роҳ ба сӯйи “ободӣ” кушоянд. Ҳамагӣ 118 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шуд ва аҳолии деҳа ба кор шурӯъ карданд.

“Пулро ҷамъ карда, ба кор шурӯъ кардем, танҳо дар оғоз намоянда аз Ҳукумати шаҳри Ҳисор омада, ба мо барору комёбӣ хосту рафт. Ҳатто мақомоти шаҳр 10 сомонӣ кумак накард, ба мардуми азиятдида аҳамият ҳам намедиҳанду парвое надоранд, ки об боло меравад ё поён”, — мегӯяд раиси деҳаи Шерхонӣ Маҳмадрауф Рустамов.

Тариқи ҳашар ва бо кумаки чанд тан аз соҳибкорон мардуми деҳа тавонистанд, ки пояҳои купрӯкро созанд. Аммо айни замон маблағ барои идомаи кор надоранд.

Имрӯз умеди 600 сокини деҳаи Шерхонии ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро дигар дарҳо ба рӯяшон баста мебошад…

Бахтовар Сафаров,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *