Сад пора-пора карданд санги мазори Зоҳир

40 сол муқаддам, 14 июни соли 1979 ситораи бузургу беҳамтои санъати Шарқ, Аҳмад Зоҳир дар синни 39- солагӣ кушта шуд.

40 сол муқаддам, 14 июни соли 1979 ситораи бузургу беҳамтои санъати Шарқ, Аҳмад Зоҳир дар синни 33- солагӣ кушта шуд. Ном ва садои ин муғаннии хушсадо зиёда аз 50 сол аст, ки дар ҷаҳони форсизабон танинадоз аст. Дар Тоҷикистон низ Аҳмад Зоҳирро дӯст медоранд ва сурудҳои ӯ қалбҳои моро то ба имрӯз навозиш медиҳад. Хушбахтона, чанд нафар ҳамватанони мо бо Аҳмад Зоҳир шинос буданду равуо доштанд. Яке аз онҳо шоири маъруф, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон Меҳринисост, ки замони кору зиндагӣ дар Афғонистон бо шавҳараш, профессор Шаҳбоз Кабиров бо Аҳмад Зоҳир риштаи дӯстӣ дошт.  Дар солгарди 40 — солагии марги Аҳмад Зоҳир бо шоира  Меҳринисо ёди ӯ кардем…

Муҳаббат бо Омод Зоир

Шиносоии шумо бо Аҳмад Зоҳир чӣ гуна сурат гирифт?

-Нахуст бо номи Аҳмад Зоҳир тариқи сурудҳояш ошно шудам. Солҳои 70-ум шавҳарамро барои кор ба Афғонистон фиристоданд ва ман низ ҳамроҳи эшон ба Кобул рафтам. Он вақтҳо ҷавон будаму азоби ғарибӣ мекашидам. Гарчанде ҳукумати шӯравӣ ба мо тамоми шароитро муҳайё карда буд, вале ҳеҷ ба дурӣ аз ёру диёр одат карда наметавонистам. Дар ҳамсоягии мо тоторзане бо оилааш зиндагӣ мекард. Ӯ ҳамеша ба мани ғариб дилаш месӯхт. Як рӯз ин зан як магнитофон ва ду кассета оварда гуфт: — “Мебинам, ки ту зиқ мешавӣ. Ту ҳоло хеле ҷавонӣ, бинобар ин танҳоӣ ба ту сангин аст. Бе ин ҳам ман забони инҳоро намефаҳмам” – ва онро ба ман дод. Вақте кассетаи якумро гузоштам, садои зебои оғои Мададиро бори аввал шунидам: 

Ватан ишқи ту ифтихорам,

Ватан дар раҳат ҷон супорам!

Он солҳо муносибати Иттифоқи Шӯравӣ бо Афғонистон нав барқарор мешуд ва мо бо эҷодиёти шоирон ва сарояндагони кишварҳои ҳамзабонамон ошноӣ надоштем. Баъдан, ман хаёл мекардам, ки ободтарину беҳтарин сарзамин СССР аст, аммо вақте садои оқои Мададиро шунидам, дар ҳайрат мондам, зеро афғонҳо ватани на он қадар ободашонро ин қадар васф мекарданд.

 Вақте кассетаи дуюмро гузоштам, садои ҷозибадоре баланд шуд. Ин садои ношинос ва тасхиркунандаи рӯҳи ман Аҳмад Зоҳир буд, ки суруди “Охир эй дарё”-ро месароид. Сабт аз кадом толоре буд ва мардум баробари сароиданаш ба ваҷд омада, ҳуштак мекашиданд, месароиданд, маълум ки мафтуни овозаш буданд.

Дигар ин кассета ҳамрози ман шуд ва ман онро гаштаву баргашта гӯш мекардам. Як рӯз бозор равам аз ҳама дӯконҳо садои ба ман шинос меомад. Чун то имрӯз номашро намедонистам аз мардум пурсидам. “Омод Зоир аст хонум”- посух гирифтам ва боз ду кассетаи дигари ӯро харида овардам.

 Ин сабтҳоро гӯш мекардам, аммо дақиқ намедонистам, ки сароянда чӣ касест. Як рӯз Ҷӯрабек Назриев, олим ва ҳунарманди маъруф омаданд. Чун эшон фарҳангӣ ва соҳибзавқ ҳастанд бо эшон аз илму ҳунар, аз шеъру суруд суҳбат мекардем. Дар байни суҳбатҳо кассетаи ҳамон овозхонро ба магнитофон гузошта, аз акои Ҷӯрабек пурсидам, ки оё ҳамин ҳофизро мешиносад ё не?

-Бале, мешиносам, ӯ Аҳмад Зоҳир ном дорад, — гуфтанд он кас ва дар бораи ӯ ба ман маълумот дода пурсиданд:

-Агар розӣ бошед,  ҷумъаи оянда ӯро ба хонаи шумо ба меҳмонӣ меорам.

Албатта, ману шавҳарам Шаҳбоз розӣ шудем. Рости гап, боварӣ надоштам, ки Аҳмад Зоҳир ба хонаи мо меояд, бо вуҷуди ин рӯзи ҷумъа аз субҳ омодагӣ гирифта, баъзе чизҳо пухтам. Агар Аҳмад Зоҳир наояд ҳам, акои Ҷӯрабек ҳатман меомаданд.

Рӯзи ҷумъа, ки дар Афғонистон рӯзи истироҳат аст, фаро расид. Он рӯз ҳеҷ гоҳ аз ёдам фаромӯш намешавад. 11-уми феврали соли 1976 буд. Соатҳои нуҳуним — даҳи субҳ занги дар садо дод. Дарро кушодам. Акои Ҷӯрабек бо ду нафар меҳмон ворид шуданд. Баъди шиносоӣ фаҳмидам, ки яке аз ҷавонҳо Довуд дӯсти Аҳмад Зоҳир будааст. Ҷавони сурхпӯши зебо худи ӯ буд.

Рости гап, ман то ин вақт боре ҳам Аҳмад Зоҳирро надида будам, ҳатто аксашро, вале аз чӣ бошад, ки ҳамон лаҳза гумон кардам, ки ӯро солҳои сол, аз кӯдакӣ мешиносам. Аз ӯ чунин як энержии гарм ба атроф паҳн мешуд. Баъди хушомадеди меҳмонҳо ва сари дастурхон даъват кардани онҳо зуд хостам, ки дар магнитофон кассетаи Аҳмад Зоҳирро монам, аммо ӯ нагузошт.

-Ҷое, ки Аҳмад Зоҳир аст, ӯ худ суруд хоҳад хонд, — гуфт ӯ. Ва наъра кашид:

Шабҳои зулмонӣ, миёни тӯфонҳо,

Овора қалби ман дар дашту биёбонҳо,

Бо сад армонҳо…

Ман дар ин садо ғарқ шудам. Ман то ба имрӯз аз ягон навор, ягон акс ҳамон чашмон, ҳамон нуреро, ки он лаҳза дар симои Аҳмад Зоҳир дида будам, дигар надидам. 

Баъдан, Аҳмад Зоҳир хоҳиш кард, ки барояш ягон асбоби мусиқӣ биёрем. Дар паҳлуи манзили мо хонае буд, ки дар он як гӯшаро «Гӯшаи сурх» ном ниҳода буданд. Дар ҳамин гӯша як аккордион буд, ки Шаҳбоз онро зуд ба меҳмон овард. Аҳмад Зоҳир каме навохт, аммо хаёлам ба ӯ нафорид, ки зуд рафта, як синтезатор овард. 

-Ман бори нахуст дар хонаи шӯравиҳо меҳмон ҳастам. То ин муддат дар хонаи ҳиндуҳо будам, дар хонаи амрикоиҳо будам, дар хонаи инглисҳо будам, вале дар хонаи шӯравиҳо бори нахуст омадам. Боз ҳам дар хонаи шӯравҳое, ки сурудҳои маро аз ёд медонанд. Аз ин рӯ, бисёр мехоҳам, ки суруд хонаму хонам, — мегуфт ӯ.

 Ҳамин тавр, то нисфи шаб дар хонаи мо як базми ҷамшедӣ буд. Аҳмад Зоҳир суруд мехонд. Ҳеҷ хастагиро эҳсос намекард. Шаб аз нисф гузашту баъд худоҳофизӣ кардем. Ӯ ҳамон асбоби мусиқиашро дар хонаи мо монда рафт. Гуфт, ки ҳар боре, ки гузораш ба ин тараф афтид, омада мегирад… Баъди ин ӯ чандин бор, бо баҳонаи асбоб меҳмони мо шуд…

-Шумо ҳам садои хуб доред, оё бо Аҳмад Зоҳир ҳамовозӣ мекардед?

-Бале. Маҳз ҳамовозии ман ӯро болидарӯҳ мекард, зеро ӯ дид, ки қариб ҳамаи сурудҳояшро аз ёд медонам. Бо вуҷуди ин худдорӣ мекардам, зеро ман зани шавҳардор ва зани мусалмонам, илова бар ин, меҳмондорӣ мекардам. Он шабу рӯз ду фарзанд доштем, ки нигоҳубини онҳо низ зарур буд. Бинобар ин,  худамро озод ҳис намекардам.  Аммо бовар кунед, агар имкон мебуд, ҳамаи сурудҳояшро бо Аҳмад Зоҳир месароидам. Ду сабти ҳамовозии маро бо Аҳмад Зоҳир, худораҳматӣ Аҳмад Зоҳиршиноси тавоно Султони Ҳамад дар интернет гузоштаанд.

Дар он замон мо ҳунармандони хуб зиёд доштем. Худи ман мухлиси Ботир Зокиров ва Луиза Зокирова будам, Боймуҳаммад Ниёзовро дӯст медоштам, Ҷӯрабек Муродовро гоҳо гӯш мекардам. Аммо ин хел садои нотакрор, ин хел ҷозибаи бузургро надида будам ва тасаввур карда ҳам наметавонистам.

-Оё Аҳмад Зоҳир Тоҷикистонро медонист ва аз мусиқиву адабиёти он огоҳ буд?

-Бале, аммо хеле кам. Ҳар гоҳ баъди сурудхонӣ аз мо мепурсид:

-Чизе ман мехонам, шумо мефаҳмед?

Мо посух медодем:

-Охир ин забони модарии мост. Ва ӯ илҳом гирифтаву рӯҳбаланд мешуд. Аҳмад Зоҳир мехост, ки Тоҷикистонро бештар барои худ кашф кунад. Ӯ радиои Тоҷикистонро гӯш мекард. “Мағфират Ҳамроқулово зебо месарояд”- мегуфт.

Аммо, мутаассифона, осори шоирони мо ба форсӣ чоп нашуда буд, ҳунармандони мо камтар ба Афғонистон мерафтанд. Ӯ аз шеъри тоҷик хабар надошт, санъати тоҷикро ба пуррагӣ намедонист. Солҳои 70-ум дар Тоҷикистон низ ӯро кам медонистанд.

-Чаро Шумо шеърҳои худро ба Аҳмад Зоҳир пешниҳод накардед?

— То имрӯз пушаймонаму афсӯс мехӯрам. Медонед, ман зотан одами шармгинам, худамро тарғиб намудаву диққати атрофиёнро ҷалб кардан хоси ман нест. Фишангҳои дарунӣ ҳамеша монеъ мешаванд.  Ҳатто вақте китоби “Мушоира” – маҷмӯи шеърҳои шоирони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо хати форсиро ба Аҳмад Зоҳир ҳадя кардам дар ҳошия чор мисраъ шеър навишта, нагуфтам, ки моли худам аст.

Садои ту садои резиши борон,

Садои ту ғиреви обшорон аст.

Садои ту садои чашмаи кӯҳӣ,

Ки уммеди дили шӯридаҳолон аст.

Аҳмад Зоҳир китобро гирифтаву гуфт:

-Ман таваккал китобро мекушоям ва кадом сафҳае боз шавад, ҳамон шеърро то ҳафтаи оянда оҳанг баста, омада мехонам. Вақте китобро боз кард, ғазали “Ҳамин кофист”-и устод Мирзо Турсунзода боз шуд ва Аҳмад Зоҳир онро оҳанг баставу сароид.

-Хабари марги Аҳмад Зоҳирро чӣ гуна фаҳмидед?

-Бори нахуст мо се сол дар Афғонистон будем, ки аз ин якуним сол бо Аҳмад Зоҳир равуо доштем. Аммо бо тақозои ҳимояи рисолаи номзадии шавҳарам ба Душанбе омадем. Баъди ҳимояи Шаҳбоз соли 1979 бояд ба Кобул бармегаштем. Ман хеле ин сафар ва дидори навбатиро бо Аҳмад Зоҳир интизор будам. Аммо, мутаассифона, як ҳафта пеш аз сафари мо Аҳмад Зоҳир кушта мешавад. Ман ин хабарро дар фурудгоҳи Маскав шунидам, аммо бовар накардам.  Дар Кобул аз масъули фурудгоҳ пурсидам:

-Аҳмад Зоҳир…

-Аҳмад Зоҳир… ӯро куштанд хонум… – посух дод ӯ.

Ман то хона гиря мекардам. Дигар худамро идора карда наметавонитсам. Дилам гӯё мекафиду мехостам фарёд занам… Зеро хаёл мекунам, ки рӯҳҳо ҳамеша барои худ такягоҳ меҷӯянд ва такягоҳи рӯҳонии ман Аҳмад Зоҳир буд. Ҳамин гуна ҳолат бо ман дар сари мазори Хоҷа Ҳофиз рух дод. Мо як гурӯҳи калон дар Шероз будем, аммо дар сари мазори Хоҷа ман зимоми идораи худро аз даст додам, дилам буғз карда, мехостам дод гӯям. Эҳсоси худро идора карда наметавонистам. Ман мехостам дар сафари дувум ба Аҳмад Зоҳир шоир будани худро гӯям ва шеърҳоямро ба ӯ диҳам. Зеро 4-5 шеъри ман ба овози ӯ созгор буд… Ҳоло 700 шеъри маро сарояндагон оҳанг баста, месароянд.

-Қабри Аҳмад Зоҳирро зиёрат кардед?

-Бале, чандин  бор. Замони Кобул буданам бисёр мерафтам. Соли 2004 баъди 18 сол ба зиёрати мазори ӯ рафтам, ҳамроҳи Султони Ҳамад, аммо қабри Аҳмад Зоҳирро чун панҷ ангушти сӯхта, валангор дарёфтам. Беасолатон қабри ӯро вайрон карда буданд: 

Э вой ман чӣ дидам ҷойи мазори он хуб,

З-осори моҷарои гургонаҳои Кобул.

Сад пора-пора карданд санги сари мазораш,

Бурданд устухонаш бегонаҳои Кобул.

Ва ин шеърро он ҷо навиштам.

-Умуман, Аҳмад Зоҳир чӣ гуна инсон буд?

-Аҳмад Зоҳир ҳунарманди асили ҷаҳонӣ аст. То имрӯз ягон ҳунарманди тоҷик афғон ё эронӣ нест, ки сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро зам-зама накарда бошад.  Ӯ бо вуҷуди ашрофзода, — падараш садри аъзам ва 4 амакаш вазир буданд, хоксору заминӣ буд. Ӯ ҷавони нозинин буд, аз рӯяш нур мерехт, аммо бо ин наменозиду намеболид. Инсонҳои бузург чунин мешаванд, ба эйфарияи беҳуда дода намешаванд ва худро нигоҳ медоранд. 

-Аҳмад Зоҳир бештар аз эҷодиёти Абулқосим Лоҳутӣ месароид. Сабаб чӣ буд? Баъдан, ӯ Лоҳутиро ҳамчун шоири куҷо мешинохт: эронӣ ё шӯравиву тоҷик?

-Ӯ устод Лоҳутиро ҳамчун шоири инқилобӣ мешинохт ва дӯст медошт. Лоҳутӣ дар Афғонистон хеле машҳур буд, зеро дар он шабу рӯз Афғонистон муҳити инқилобӣ дошт. Шеърҳои Лоҳутӣ ба он замон ва ба он муҳит созгор буд.

  «Ёр аз дили ман хабар надорад», “Зиндагӣ охир сар ояд, бандагӣ даркор нест», «Камарборики ман», «Аё сайёд раҳме кун” , «Дуздида чашм зи оҳу» барин сурудҳои Аҳмад Зоҳир, ки аз эҷодиёти Лоҳутиянд, мухлисони зиёде дорад. Ӯ аз шоирони классик бештар месароид, ба эҷодиёти Ҳушанги Соя, Фаридуни Мунширӣ, шуарои афғон низ муроҷиат мекард. Аз Мирзо Турсунзодаву Абдулло Қодири Мумтози тоҷикистонӣ ҳам сароидааст. Баъзе шеърҳои худашро ҳам месароид, ба монанди «Бӯйи ту хезад ҳанӯз» ва ғайра.

 Ӯ шеърро хуб дарк мекард, бинобар ин, ба дили мардум роҳ меёфт. Хушбахтии ӯ дар ин аст, ки зуд мардум ӯро дӯст доштанд. Агар дар даҳ маҷлис ширкат кардаву сароида бошад, он 10 кассета шудааст ва то имрӯз он кассетаҳо пул меоранд, даҳҳо нафар нон мехӯранд.  

-Бо наздикон ва хонуми Аҳмад Зоҳир шинос будед?

 -Не, зеро дар замони шиносоии мо ӯ аз ҳамсари якумаш ҷудо шуда, безан буд. Танҳо соли охир бо хонум Фахрия оиладор мешавад.  Бо чанд нафар аз дӯстони Аҳмад Зоҳир шинос будам…

— Солҳо гузаштанд, шумо нақши Аҳмад Зоҳирро дар сарнавишти худатон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Агар зиндагии мо китоберо монед, шиносоӣ ва равуоии Аҳмад Зоҳир бо оилаи мо зеботарин ва нуронитарин сафҳаи ин китоб аст. Ифтихор мекунам, ки бо ӯ шиносоӣ доштам. Рӯҳаш шод бод, он азизро.

Мусоҳиб

Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *