“Сад ранги чакан” дар Хуҷанд баргузор гардид

Бо мақсади муаррифии санъати халқи тоҷик, либоси миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” баргузор гардид.

Чорабиниро муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023, дастуру супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси вилояти Суғд аз 30-юми марти соли 2023 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали вилоятии “Сад ранги чакан” бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба тасвиб расидааст.

Дар бахши кӯдакон тамоми иштирокчиён ғолиб эътироф гардиданд.

Ғолибон бо диплом ва сипосномаи раиси шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *