Сад ранги чакан дар кӯлоб
Сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб ба шарафи дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи меросиғайримоддии фарҳангии Бунёди маориф ва илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) шомил шудани чакан дар назди Қасри фарҳанги шаҳр ҳамоиш доир намуданд. Дар он ҳунармандони шаҳру деҳот ҷамъ омада, намоиши ин ҳунари волои хешро ба маъраз гузоштанд. Занону духтарон дар бар куртаҳои чакан аз он ифтихор мекарданд.
Дар намоишгоҳ нақшҳои гуногуну пурмазмуни чаканро вохӯрдан мумкин буд, аз ин рӯ ин намоишро сад ранги чакан номиданд. Ҳунармандони касбӣ ба намоишгоҳ бо шогирдонашон омада, бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва осмони софу беғубори диёр ба сатҳи ҷаҳонӣ баромадани ҳунари миллиамон-чаканро фоли нек ҳисобиданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб кулли ҳунармандон ва сокинони шаҳрро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрик гуфта, зикр намуд, ки «дар бораи чакан садҳо асарҳои илмӣ иншо гардида, даҳҳо корҳои тадқиқотӣ бурда шудаанд. Чакан шиносномаи мардуми водии Кӯлоб ба шумор мерафт ва ҳоло он шиносномаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон гардид, ки мо аз ин мефахрем».
Сипас дар ҳолати тантанавӣ ба як гурӯҳ ҳунармандоне, ки дар рушди ин ҳунари хонаводагӣ саҳми арзанда гузоштаанд, сипоснома, ифтихорнома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.
Ба намоиш кормандони шуъбаи фарҳанг ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳр шукӯҳи тоза бахшиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ