Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ва 2000 сомонӣ ?
Идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» тасмими бунёди Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализодаро ҳанӯз барвақт гирифта буд.
На ба он хотир, ки муассис ва сардабири ин ҳафтанома дӯст, ҳамқалам, ҳамқадам, ҳамдеҳа ва мухлиси ӯ буд. Муродуллоҳ Шерализода як марди фурӯтан, донишманд, меҳанпараст, чӯпонписаре, ки барои худаш мояи ифтихору барои душманонаш боиси таҳқир буд. Чӯпонбачае, ки деҳаи кӯчакро ба шаҳри азим, асои даҳмардагиро ба қалам ва сеҳри сухан иваз кард. Ҳанӯз дар ҷашни 1100 -солагии Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайид Насафӣ сари Муродуллоҳи 12- соларо сила карда, гуфта буд: “Ту аз ворисони асили қофиласолори шеъри форсӣ- Рӯдакӣ ҳастӣ”.
Заҳматҳои пайгиронаи ин марди деҳотии бепушту паноҳро ба намояндагии мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахустсардабирии рӯзномаи «Садои мардум» расонд. Аз минбари парлумон, ки он солҳо ба минбари дасиса табдил ёфта буд, ӯ сухани ҳақ мегуфт, даъват ба сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон мекард. Вале сухани ҳақ куҷост, ки ба ҳақ расида бошад! Ӯ 5 майи соли 1992 дар рӯзи ҷашни матбуот (он замон матбуотро 5 май ҷашн мегирифтанд) ба қатл расониданд. Ӯ аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ буд. Ӯ аввалин рӯзноманигоре буд, ки ба қатл расид. Рӯзи қатли ӯ оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд.
Поси хотири касе на барои ҷовидон зинда доштани ӯст. Поси хотир барои имрӯзиён ва фардоиён аст, ки дирӯз барояшон дарсе, мактабе шавад. Мурдагон аз мо тақозое надоранд. Зиндагон бояд дар ғафлат набошанд, дирӯз барояшон раҳнамои фардо гардад. Ҳақбинӣ, ҳақравӣ, ҳақгӯии Муродуллоҳ Шерализода чароғаки раҳнамост.
Бунёди ҷоизаи рӯзноманигории ба номи Муродуллоҳ Шерализода барои поси хотири беш аз 70 нафар рӯзноманигорон ва ҳазорон ҳамватанони қурбони ҷанги шаҳрвандии мост. Ба номи Муродуллоҳ Шерализода будани ҷоиза рамзист. Ҳарчанд ӯ аввалин рӯзноманигор, аввалин қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аст. Қалам беш аз шамшери буррост. Он чи бо қалам офарида шудааст, бо теғ наметавон тарошид. Муродуллоҳ Шерализода дар сухан, дар иншо он қаламкаше буд, ки шикастанд. Ва имрӯз Пешвои миллати мо шикастаҳоро дубора ба ҳам меорад, захмҳои ба ҷон кора кардаро шифо мебахшад. Ва беш аз ҳама мехоҳад, ки шикастанҳою сӯхтанҳо дигарбора такрор нашаванд, фоҷиаи ба сари мардуми тоҷик омада дигар такрор нашавад.
Мутаассифона, баъзан иқдомҳое сурат мегиранд, ки боиси зудуда гаштани ин ҳодисот аз хотирот мегарданд. Хиёбонеро дар шаҳри Душанбе, ки Муродуллоҳ Шерализода зиндагӣ дошт, ба номаш гузошта буданд. Вале ғубори вақт роғҳо, маънӣ захмҳоро аз чашми зоҳирбинон панаҳ мекунад. Кӯчаро буриданд ва ба номи дигаре гузоштанд. Бехабар аз онанд, ки дубора ангушт ба захм, захми қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ, билхоса аҳли қалам заданд. Дар ин ҷода вақт гунаҳгор нест, гуноҳ дар кӯтоҳназарист.
Дар «Тоҷикистон» чанд моҳ аст, ки баҳс меравад. Сари мавзӯъ. Нахустҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба кӣ супорида шавад? Пешниҳодҳо зиёд буданд. Иддае бар он ақида буданд, ки ба муаллифи беҳтарин очерке, ки дар бораи рӯзноманигори қурбонии ҷанги шаҳрвандӣ навишта шудааст, тақдим гардад. Дигаре домани мавзӯъро фарох карда, пешниҳод намуд, ки умуман дар бораи ҳамаи қурбониён мавод пешниҳод гардад. Дигар пешниҳодҳо низ буданд. Мо миёни дӯстон ва онҳое, ки Муродуллоҳ Шерализодаро мешинохтанд, пурсише гузаронидем: кадом хислат баёнгари чеҳраи Муродуллоҳ Шерализода аст? Қариб ҳама мӯътақид бар он буданд, ки одаму одамгарӣ. Як дӯсташ як мисоле аз зиндагиномаи марҳум овард:
Боре Муродуллоҳ Шерализода ҳамроҳи ҳамсар, модарарӯс ва тифлаконаш савори мошини “Волга”-и сафеди нав баъди бозгашт аз сафари Афғонистон харидааш (солҳои 1975) ба тӯи арӯсии як дӯсташ меравад. Дар хиёбони ба номи Ленин (ҳоло ба номи Рӯдакӣ) дар гӯшаи роҳ чашмаш ба зане меафтад, ки дар даст тифли хуншор ҷониби мошинҳои роҳгузар фарёд мекашад. Ӯ назди он зан мошинро нигаҳ медорад ва ба ҳамсару фарзандонаш амр мекунад, ки аз мошин поён шаванд. Хушдоманаш изҳори норозигӣ мекунанд, вале ба ғазаби домод рӯ ба рӯ шуда, фавран аз мошин берун меравад. Он зани тифл дар дастро ба мошин мешинонад ва бо суръати тез ҷониби беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» меронад. Суръати мошин баланд буд ва корманди БДА мехоҳад ӯро нигоҳ дорад. Вале ӯ, чун аз пойи тифл хун мешорид, ба ӯ итоат намекунад. Корманди БДА бо мототсикл то беморхона аз паси ӯ меравад ва ронандаро дар даст он тифли хуншор дар қабулгоҳи беморхона «дастгир» мекунад .
— Ҳуҷҷати шумо!- талаб мекунад аз ӯ.
- Магар намебинӣ, ки ман тифли маҷруҳро ба беморхона расонидам?
- Ман паси иҷрои вазифаи хидматӣ ҳастам. Ҳуҷҷати шумо.
- Ба ғайр аз вазифаи хидматӣ одаму одамгарӣ ҳаст,- мегӯяд ӯ ва ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод мекунад.
Бо хоҳиши дӯстон ва хулосаи «Тоҷикистон» тасмим гирифта шуд, ки имсол ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ба муаллифи беҳтарин маводе, ки (жанр муҳим нест) дар мавзӯи одаму одамгарӣ эҷод шудааст, супорида шавад. Гӯшае, ки зери он маводи озмун чоп мешавад, «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» номгузорӣ шуд. Билхоса, ки одаму одамгарӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон, умуман ҷомеаи ҷаҳон хеле муҳим ва сарнавиштсоз аст. Одамият сарчашмаи ҳама накуиҳо ва пешравиҳост. “Сад сатр” ном гирифтани гӯша ҳам рамзист. Маводҳое, ки дар мавзуи одаму одамгарӣ пешниҳод мегарданд, бояд на беш аз 2 саҳифаи ворд бо шрифти 14 бошанд. Матолиби барои озмун фиристодашуда дар «Тоҷикистон» чоп мешаванд.
Муҳлати фиристодани мавод барои озмуни «Сад сатр аз одаму одамгарӣ» то 1 марти соли 2017. Озмун дар рӯзи 25- солагии ҳафтаномаи «Тоҷикистон», ки моҳи марти соли 2017 ҷашн гирифта мешавад, ҷамъбаст мегардад. Ғолиби озмун бо нишони сарисинагии Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода, мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2 000 сомонӣ ва дипломи «Тоҷикистон» сазовор гардонида мешавад.
Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода ҳамасола ба як нафар қаламкаш тақдим мегардад.
Шариф Ҳамдампур,
раиси комиссияи Ҷоизаи ба номи Муродуллоҳ Шерализода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ