Садамаҳо ҷони 7 нафарро гирифт

Дар се рӯзи ахир бар асари  садамаҳои автомобилӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 7 нафар ҷон бохта ва чанд нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Аз ҷумла, рӯзи 8 ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола”, Миҷгона Қурбоноваи 20-сола, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Данғара, пиёдагард Файзалӣ Усмонови 51-сола, сокини ҷамоати деҳоти И.Шарифи ноҳияи мазкурро пахш кардааст, ки дар натиҷа пиёдагард бар асари ҷароҳати вазнин дар бемористон вафот кардааст.

Рӯзи 9 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Камаз», Фахриддин Шарифови 60-сола, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Ҳавотоғи ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Айнӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, таҳти идораи ронанда Бегимқул Ҳалимови 44-сола, сокини ноҳияи Деваштич бархӯрда, сипас ба канори роҳ баромада, пиёдагард Ғаниев Тошпулод, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати деҳоти Курушро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Ғаниев Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 9 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Қудрат Мӯъминов, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳияи Кушониён ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра, таҳти идораи ронанда, Муҳсин Рамазони Табарзод сокини ноҳияи Данғара, бархӯрдааст.

Бар асари садама ҳардуи ронандагон ва мусофирони дохили автомашинаҳо: Маҳмадалиев Ҷурахон Маҳмадаминович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи Данғара ва як нафари дигар, ки шахсияташ номаълум мебошад, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашина: Давлатов Рамазон, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Балҷувон, Амирҷони Сафархон, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва як нафари дигараш, ки шахсияташ номаълум мебошад, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Рӯзи 10 ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Даймер-Крайслер» Фирдавс Саъдиеви 30-сола, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Лахш” дар ҳудуди деҳаи Дурахшони ноҳияи мазкур ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” таҳти идораи ронанда, Ҷамолиддин Нозимови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дар дохили автомашинаи “Мерседес Бенс” буда: Ҷалилов Абдуманон Абдусамадович, соли таваллудаш 1989 ва Исмоилова Нигина, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Саъдуллозода Шодибек Абдуҳанон, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мусофири автомашинаи тамғаи «Даймер-Крайслер» Файзалӣ Саъдиеви 29-сола, сокини деҳаи Дурахшон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *