Садамаҳои маргбор дар рӯзҳои истироҳат

Рӯзи 14 декабр, тахминан соати 18:30-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия”, Шарифҷон Хайруллоеви 34-сола, сокини шаҳри Турсунзода дар шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода ба қисмати қафои ядаки трактор бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Дэу-Нексия” ва мусофир Гулрухсор Ҳабибуллоеваи 38-сола, сокини шаҳри Турсунзода ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони дигари автомашина Икром Каримови 26-сола ва Ином Каримови 22-сола ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Ҳамин рӯз тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи автомшинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бахтиёр Завурови 22-сола, сокини деҳаи Дарёбоди ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти Душанбе ба самти Ваҳдат, дар ҳудуди деҳаи Майсазори ҷамотаи деҳаи Гулистон пиёдагард Шариф Соҳибови 61-сола, сокини деҳаи Меҳани ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 15 декабр, тахминан соати 06:45-дақиқа, ронандаи автомшинаи тамғаи «Опел-Вектра» Субҳоналӣ Рафиев, сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Чанноқ аз самти хиёбони Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Варзоб дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Ҷаҳонгир» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, нафақахур Бобомурод Давлатови 80-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, нафақахӯри мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 15 декабр, тахминан соати 06:45-дақиқа, ронандаи автомшинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Баҳриддин Умарови 30-сола, сокини ноҳияи Вахш ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Янгиёри ноҳияи Вахш хурдсол Қурбоналӣ Абдурауфови 7-сола, хонандаи синфи 1-уми деҳаи Янгиёрро пахш намуда ва боиси ҳалокати ӯ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *