Садамаҳои марговар дар Душанбе

28-уми декабри соли 2020, тахминан соати 07:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Равон-Нексиа Р-24”, Исматов Азамшо Абдумаликович, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Шевченко ба самти кӯчаи С.Шерозии пойтахт дар давродаври кӯчаҳои С.Айнӣ-Назаршоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори марказии давродаври роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Исматов А.А. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 28-уми декабри соли 2020, тахминан соати 14:05-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус LX-570», Шомирзоев Камол Каримович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Коргари пойтахт аз самти кӯчаи А.Каҳҳоров ба самти кӯчаи Кари Манн, дар рӯ ба рӯи ҶДММ «Ромсар» аз уҳдаи идораи воситаи наклиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Хундай Соната», таҳти идораи ронанда, Қаландаров Абубакр Абубакрович, соли таваллудаш 1998, сокини сокини шаҳри Душанбе, ки аз самти кӯчаи Кари Манн ба самти кӯчаи А.Каҳҳоров ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Соната» Қаландаров А.А. ва мусофирони дохили автомашина, Маҳмудова Маҳина Наҷмидиновна, соли таваллудаш 1995 ва хурдсол Раҳматуллозода Давлатмоҳ, соли таваллудаш 2020, сокинони шаҳри мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, хурдсол Раҳматуллозода Д. дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *