Садама боиси марги келини раис гашт
«Ҳамагӣ як сол пеш оиладор шуда буданд. Мошин дар роҳ ба симчӯб бармехӯрад», — афзуд яке аз манбаъҳои мо
Дар як садамаи нақлиётӣ Фирдавс Амиршоев, писари раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Тоҳир Амиршозода, захмӣ ва ҳамсараш ҷон бохтааст.
Манобеъ гуфтанд, ки ҳодиса субҳи 9-уми март, ду километр берун аз ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод, рух додааст. Зану шавҳар ният доштаанд, барои табобат ба Душанбе раванд.
«Ҳамагӣ як сол пеш оиладор шуда буданд. Мошин дар роҳ ба симчӯб бармехӯрад», — афзуд яке аз манбаъҳои мо, ки нахост номаш фош шавад.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, «мошинро каси дигар идора мекард. Фирдавс Амиршоев дар курсии пеш ва ҳамсараш дар курсии қафо нишаста будааст. Худаш каме осеб дида, вале ҳамсараш дар бемористон ҷон додааст.»
То кунун на мақомоти расмӣ ва на хонаводаи Амиршоевҳо дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд.
Фирдавс Амиршоев 24-сола аст ва дар Додситонии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон кор мекунад. Таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст.
Манбаъ Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ