Садама дар Ғарм: Аммаи домод фавтиду худашу хешаш дар ҳолати вазнинанд
Дар роҳи Ғарм-Ҷиргатол мошини ҳомили домод ҳангоми барои арӯс рафтан ба садама дучор шудааст
Садамаи маргбор дар самти Ғарм-Ҷиргатол дар ҳудуди деҳаи Яраш рух додааст.
Номзади шаҳ аз Ҷиргатол буд ва барои оварданаш ба он ҷой мерафтанд.
Ба иттилои манобеъ, дар пайи садамаи нақлиётӣ аммаи домод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, худи домод ва ронанда, дар ҳолати вазнин ба беморхона расонида шудаанд.
“Дар мошин домод бо аммааш Аҳлиннисо ва ронанда амакбачааш, ки номаш Дилшод аст, буданд. Аммаш гузаштанд ва домоду ронанда ба беморхона бурда шуданд”,-афзудааст манбаи Sputnik Тоҷикистон.
Ин манбаъ гуфт, ҳолати домод ва ронанда низ вазнин арзёбӣ мешавад, бинобар ин ба бемористони ноҳияи Ғарм овардаанд
Дар ин бора ҳоло мақомоти расмии минтақавӣ иттилоъ надодаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ