Садама дар дохили “Истиқлол”
8 октябр соати тақрибан 13:30 дар даруни нақби Истиқлол дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд як мошини боркаши пур аз ангишт бо як мошини «Опел”, ки байни Душанбеву Хуҷанд такси мезад, бархӯрдааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин садама як нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, чор нафари дигар аз «Опел” ҷароҳат бардоштаанд.
Шоҳидон мегӯянд, ронандаи «Опел” бо мошинаш такси мезад ва вақте дучори садама шуд, ки мусофиронро аз Душанбе ба Хуҷанд мебурд.
Мошини боркаш аз кони ангишти Айнӣ ба Маркази гармидиҳии Душанбе ангишт мекашондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ