Садама дар Файзобод: Ду 17-сола ва як 22-сола фавтиданд

Дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод садамаи нақлиётӣ рӯх дод, ки се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ, ба ҳалокат расиданд.

Бинобар иттилои маркази матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикисон, ин фоҷиа шоми 17 апрел дар километри 49-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт дар қаламрави деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод рух додааст.

Гуфта мешавад, ки автомашинаи тамғаи “Опел”, ки аз ҷониби як сокини 18-солаи деҳаи Фотеҳободи ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод идора мешуд, ҳангоми ҳаракат ба самти Файзобод ба кадом сабабе аз роҳе берун ва дучори садама шудааст.

Ҳалокшудагонро мардуми маҳал аз дохили мошин берун оварда, ба мақомоти дахлдор супурданд ва ронанда бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

КҲФ мегӯяд, се нафари дар ин садамаи маргбор фавтида сокинони шаҳри Душанбе буда, ду нафари онҳо ҳамагӣ 17 сол доштаанд ва нафари сеюм 22-сола будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *