Садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд бо марги ноболиғ анҷомид
Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд” як нафар ҷон бохт.
Ба иттилои манбаъ, ронанда Розиқзода Имрон 34-солаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки сокини ноҳияи Истаравшан буд, аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромада, ба самти рости роҳ чаппа шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи чаппашавии мошини сабукрав Султонов Бахтиёри 28-сола ва ноболиғ Муродов Исфандиёри 17-сола сокинони шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
«Мутаассифона, ноболиғ Муродов Исфандиёр дар беморхона ба ҳалокат расидааст», — афзудааст манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75
Шарҳ