садама

Садама дар роҳи Душанбе — Варзоб. Бонуи мусофир дар роҳ ба бемористон фавтид

Дар километри 53-юми роҳи Душанбе — Варзоб ронандаи мошини тамғаи «Opel Zafira», ки аз Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба як мошини сӯхтбар, ки газ интиқол медодааст, бармехӯрад.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар натиҷаи ин садама 6 нафар мусофирони мошин маҷруҳ шудаанд. Кормандони бахши наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ онҳоро аз дохили мошини садамадида берун оварда ва ба бемористони ноҳияи Варзоб интиқол додаанд.

Мутаассифона, як бонуи мусофир бар асари ҷароҳати вазнин дар роҳи интиқол ба беморхона ҷони худро аз даст додааст.

Гуфта мешавад, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабаби ин садамаи мудҳишро тафтиш карда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *