Садама дар шоҳроҳи ноҳияи Айнӣ
Дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ дар мавзеи ноҳияи Айнӣ як мошин ба дарё сарозер шудааст.
Бино ба иттилоъи КҲФ Тоҷикистон як ронандаи 25-сола аз Конибодом, идораи худрави «Тойота»-ро аз даст дода, ба Фондарё афтод.Дар натиҷаи садама ронанда ва мусофири ба ҳалокат расиданд.
Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасадҳои ҳалокшудагонро аллакай берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ