Садамаҳои маргбор ва ронандаҳои гуреза
Бино ба иттилои ВКД рӯзи 8-уми июли соли 2017, тахминан соати 08:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо”, марди 29-солаи ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди шаҳри мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди 5-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сучинаро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
9-уми июли соли равон, тахминан соати 08:00-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Газел”, ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ашт ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ноҳияи зикргардида аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи марди 38-солаи ноҳияи Ашт бархурдааст.
Бо рух додани чунин садамаи нохуши нақлиётӣ мутаассифона ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 9-уми июли соли 2017, тахминан соати 00:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Деҳотӣ ба самти кӯчаи А.Ҷомии пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани 37-солаи сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар баробари доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар «гармо-гармӣ» ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», марди 33-солаи сокини н.Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шуд.
Таҳқиқи ин қазияҳо идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ