Садама сабаби марги корманди андоз шуд
Бегоҳи 19 январ, соати 17 дар километри 174-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, дар наздикии тарозу (плаза)-и Шаҳристон мошини боркаши КАМАЗ таҳти идораи сокини ноҳияи Истаравшан Алиқулов Шерзод, санаи таваллудаш 2 ноябри соли 1994 ба мошини сабукрави тағмаи «Опел -Караван,, таҳти идораи сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Тилабов Муҳамадзамир, санаи таваллудаш 7 июли соли 1984, ки аз самти Хуҷанд ба самти ноҳияи Айнӣ ҳаракат доштааст, бархӯрдааст.
Дар дохили мошини «Опел” кормандони нозироти андози ноҳияи Айнӣ Атовуллоев Илъомиддин, соли таввалудаш 1970 ва Шодмонов Мулонасим, соли тавалудаш 1972, сокинони деҳаи Хушекат ва Муҳиддинов Абдулхайр, сокини деҳаи Саломи ноҳияи Айнӣ баъди ширкат дар як ҷаласаи мақомоти андоз аз шаҳри Хуҷанд ба ноҳияи Айнӣ бармегаштанд. Як корманди БДА-и Шаҳристон гуфтааст:«Сабаби асоси ин ҳодиса ях будани роҳ аст. Дар ин мавзеъ хок ва намак назада буданд, вақте мо расидем, мошинро дидем, гуфтем касе зинда нест, Шукр, ки дар чунин ҳолат се нафар зинда мондаанд. Аз сабаби ях будани роҳ КАМАЗ аз боло лағжида аз роҳи худ берун шуда ба мошини сабукрав бархӯрдааст ва притсепи КАМАЗ мошинро қариб 10 метр кашида бурдааст. Дар натиҷа капотиболои мошин канда шудааст. Як нафар ба ҳалокат расидаву як нафари дигар дар ҳолати вазнин қарор дорад. Ҳоло тафтиши ҳодиса идома дорад.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ