Садамаи Хуҷанд: Сабабгор телефони мобилӣ

Сабаби садамаи пуровозатарини санаи 4-май дар шаҳри Хуҷанд, ки боиси марги 3 нафар ва маҷрӯҳ шудани 2 тани дигар гардид сӯҳбат бо телефони мобилӣ будааст.

Дар ин бора Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти РВКД вилояти Суғд зимни нишати матбуотии ин ниҳод хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки ронандаи нақлиёти тамғаи «БМВ-530» Фирӯз Ҷалолов дучори бемории саръ ё худ «эпилепсия» аст, вале ин бемори ба касалиҳои рӯҳӣ мансуб нест. Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз карда, дар ин самт тафтишот идома дорад.

Кай ва дар куҷо?

Чоруми майи соли равон, тахминан соати 16:30 дар сероҳаи кӯчаи ба номи Аминҷон Шукуҳӣ ва Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар рӯба рӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Фирӯз Ҷалолов, ронандаи 35-солаи мошини «БМВ-530» 5 пиёдагардро пахш кард, ки дар натиҷа 3 кас ҳалок ва 2 тани дигар ҷароҳатҳо вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шуданд.

Тибқи гузоришииТВ СМ-1-и шаҳри Хуҷанд, ронанда Фирӯз Ҷалолов дар ҳузури намояндагони мақомот изҳор доштааст, ки аз соли 2007 мубталои бемории эпилепсия мебошад ва ҳангоми рух додани садама беҳуш будаасту чизеро дар ёд надорад: «Вақте ба ҳуш омадам, атрофам одамони зиёд ҷамъ омада буданд»-афзудаст ӯ. Аммо Ашӯрбой Содиқов, сардори шӯъбаи тафтишоти Раёсати умури дохилии Суғд зимни  нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон иброз дошт, ки «мо дар вақти тафтишоти пешакӣ муайян кардем, ки сабаби асосии ба садамаи нақлиётӣ дучор шудани Ҷалолов ин гуфтугӯ бо телефонӣ мобилӣ мебошад».

7866 ҳолати истифодаи  телефон вақти идораи  идораи нақлиёт  

Масъулини ШБДА- дар вилоят ва сохторҳои поёнии он дар ҷараёни амалинамоии маҷамӯи чорабиниҳои профиктикии мақсаднок 189 683қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла истифода шишшаҳои сиёҳкардашуда иҷозатнома 222, бе рақами қайди давлатӣ 997, идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ 1708, истифодаи телефони мобилӣ зимни идораи воситаи нақлиёт 7866, суръатафзоӣ 31113, тартиби гузаштани чорраҳа 1973, қоидавайронкуниҳои пиёдагардон 53037 ва ба ин монанд ҳолатҳо ошкор карда шуданд.

Аз вайронкунандагони уоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба маблағи умумии 6 миллиону 133 ҳазору901 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ ситонида шудааст.

Ин ҷо саволе ба миён меояд, инқадар садамаву қоидавайронкуниҳо ҷабр ба ҷони чанд кас кард?

Мувофиқи маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд садамаҳои қалоктовар танҳо дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ  47 ҳолат буда, шумораи ҳалокшудагон ба 53 нафар расидааст, ки яке аз ин садамаҳои ҳалокатовар, садамаи нақлиётии санаи чоруми май мебошад. Сабаби ба ин ҳад пурсарусадо будани садама  танҳо дар ҳалокати 3 нафар ё  ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардоштани ду тани дигар нест, балки бо баҳонаи беморӣ “аз об хушк баромадан”-ро хостани ронанда аст. Аммо таҳлили амиқ ва “қилро аз хамир ҷудо карда” аниқ кард, ки ронанда ҳангоми ба амал овардани садама дардаш хурӯҷ накардааст, балки саргарми сӯҳбати телефонӣ будааст, гузашта аз ин касалии “эпилепсия” ба гурӯҳи бемориҳои рӯҳӣ мансуб намешавад.

Марказе, ки вазъи ҳаракати нақлият ташвишовар аст

Нисбат ба дигар марказҳои шаҳри Хуҷанд дар мавзеъи Панҷшанбе вазъи ҳаракати нақлиёт ташвишовар мебошад. Илова бар зиёд будани шумораи воситаҳои нақлиёт дар ин нуқтаи серодамтарини шаҳр то ҳол истгоҳи ягонаи нақлиётӣ вуҷуд надорад.  Бар замми ин риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам аз ҷониби ронандагон ва ҳам аз ҷониби пиёдагардон  нозирони роҳро ба ташвиш овардааст. Масалан дар як рейде, ки аз ҷониби кормандони БДА-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд, танҳо дар давоми 40-45 дақиқае, ки мо наворбардорӣ мекардем кормандони ниҳоди мазкур 6 (шаш) ҳолати қоидавайронкуниҳоро  ошкор карданд.  Азиз Ҳусейнов, нозири калони БДА-и шаҳри Хуҷанд гуфт, ки зимни амалӣ намудани як чорабинии мақсаднок давоми панҷ рӯзи охир даҳҳо қоидавайронкуниро ошкор карда шуд. Нисбати 48-нафар ронандагон барои итоат накардан ба аломати роҳ ва дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ манъ намудани нақлиёт маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Мақсади чорабинии мазкур ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт мебошад. Аммо айб танҳо дар ронандагони нақлиёт нест, балки аз ҷониби пиёдагардон ҳам қоидавайронкуниҳои зиёд ба амал меояд, ки баъзе онҳо ба ҳалокат оварда меравонад-меафзояд номбурда.

Чунин ба мушоҳида мерасад, ки ҳама серташвишанду вақти тиллоӣ доранд, яъне бениҳояд пурқиммат. Ҳамагӣ 60 сония, ки дар он бояд пиёдагардон ҳангоми гирон будани ранги сурхи чароғаки раҳнамо роҳро убур накунанд, вақти тангашон онҳоро барои ба миёнаи роҳ баромада боиси ташвиши ронандагон шудан “тела мекунад”. Иловар бар ин дар се нуқтаи серодаму сермошини шаҳри Хуҷанд ва берун аз он-Универмаг, Маркази Панҷшанбе ва роҳи миёни бозорҳои Атуш ва Сомон роҳҳои зеризаминӣ вуҷуд дорад. Вале дар ҳарсе макони номбурда, хосатан гузаргоҳи зеризаминии Панҷшанбе тақрибан аз 100ҳамагӣ 25-30% аҳолӣ мегузараду халос. Боқимонада мардум одат кардаанд бо роҳи нақлиётгузар гузаранд. Ҳатто кам нестанд  ҳолатҳое, ки пиёдагард ҳангоми ранги сурхро ишора кардани чароғак роҳро гузар мекард. Вақте аз ӯ пурсидем, ки чаро бо роҳи зеризиминӣ неву бо раҳи мошингузар гузашта истодаӣ гуфт: Ҳамёнамро гум кардам, дар даруни он  қариб 300 сомонӣ пул буд, барои ҳамин сару калобаамро гум кардаам, ба чароғак ҳам нигоҳ накардаам, ки сурх аст ё сабз

Пас метавон аз ин посухи пиёдагард ба натиҷае расид, ки имрӯз мардум чизашонро бештар аз худашон фикр мекардагӣ шудаанд. Зеро 300 (шояд аз ин кам бошад, ки қариб сесадсомонӣ гуфта буд) сомонии дар киссашонбуда, яъне  моли  ширинаш ба назараш намуд, аммо ҷони ширинаш чи?…

Садамаи пурсарусода ва  баҳонаи аз он пурсарусадотар

Рӯзе нест, ки тариқи сомонаҳо хабареро оид ба  садамаи нақлиётӣ нахонда бошӣ. Аммо ҳар сол чун “анъана” мешаванд садамаҳое, ки то дергоҳ дар забони мардуму хотири  шоҳидони ҳодиса мемонад. Барои ин баҳонаҳо тайёр. Зеро ҳатман ин ронандагон “бемор”, “тағадор” ё пулдоранд. Соли 2014 садамаи 5 куштаю 3 маҷруҳи гузошати  писари Исмат Абдуллоев ҳанӯз аз ёду забони мардуми кишвар нарафта, пас аз як сол, яъне соли 2015 август хабари  “Ҳукумов бо “БМВ-523”-аш беш аз 14 ҳазор ҷарима шуд” сархати расонаҳои хабари гардид. Вале натиҷаи қазияи ҳарду садама ҳам ба хонандагон маълум ва ҳоҷат  ба ёдоварӣ нест. Ва акнун соли 2016, ки ин садамаи пурсарусадо аз рӯзи ба вуқӯъ пайвастан то имрӯз на танҳо дар забони мардум, балки боиси эътирози эшон аст. Зеро  вақте,ки дар садама ҷон аз даст  меравад, гунаҳгори ин кор бояд беҷазо намонад. Зеро бархе аз садамаҳое, ки дар боло солашро ёдовар шудем, аз наздикони ҷабрдидагон то ҳафт пушт бегонагонро ба дод оварда буд. Мардум мегӯянд, ки то кай “Сари кафида зеро тоқӣ?”…ё  дар мо расм шудааст, ки садамаи пурсарусода дар муддати кӯтоҳтарин “бо далелҳои шаръӣ” рӯйпӯш карда шавад?…Ин ва ба ин монанд саволҳои беҷавобро ҳамарӯза аз забони мардуми метавон шунид.

Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *