Садамаи маргбор дар роҳи Панҷакент
Дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи деҳаи Дашти Mаллаи шаҳри Панҷакент, кӯдаки 13 -сола ба ҳалокат расид. Ҳодиса нисфирӯзии 19 май рух додааст.
Дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи деҳаи Дашти Mаллаи шаҳри Панҷакент, кӯдаки 13 -сола ба ҳалокат расид. Ҳодиса нисфирӯзии 19 май рух додааст.
Тавре шоҳидон мегӯянд, мошин бо суръати баланд ҳаракат мекардааст. Ба ҷои ҳодиса кормадони БДА-и шаҳри Панҷакент ҳозир шудаанд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз дар роҳи деҳаи Рукнободи шаҳр кӯдаки дигарро мошин зада, ба ҳалокат расонидааст.
Зимни як тамоси телефонӣ бо хабарнигори “Tajikistantimes.com” сардори БДА-и шаҳри Панҷакент Алиҷон Азимов ин ҳодисаро тасдиқ кард, аммо аз додани шарҳи бештар худдорӣ кард.
Бо дарёфти маълумоти бештар онро нашр хоҳем кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ