Садамаи маргбор дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”

Тибқи иттилои ВКД рӯзи гузашта дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” садамаи маргбор миёни автомашинаҳои тамғаи “Опел-Астра” ва “Мерседес-Бенс” рух дода, бо марги яке аз ронандагон анҷомид.

Рӯзи 11-уми январ, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Нозимов Хуршед Раҷабович, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Фархор ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки таҳти идораи ронанда, Мирмуҳамадов Қурбон Усмонович, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Хуҷанд қарор дошт, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садамаи мазкур, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Нозимов Х.Р. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *